Бахшҳо

Раҳимзода ба футбол ҳам бо “сопровожден” меравад: Шарҳи Вазир!

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар посух ба суоли “Озодагон” зарурати мошини пулисро, ки зимни ҳаракат дар Душанбе мошини хидматии ӯро ҳамроҳӣ мекунад, шарҳ дод.

Раҳимзода гуфт, чунин имтиёз ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дода шудааст, вале агар муъҷиби асабоният ва хафашавӣ бошад, омода аст, аз он даст кашад: "Худ медонед, ки корҳои фаврию таъҷилӣ ниҳоят зиёд аст. Он барои як ҷо гуселондан, аз “пробка” ҳо барорвардан ва ҳар чӣ зудтар рафта, корамонро иҷро кардан аст. Ҳар чӣ беҳтар барои тинҷиву амонӣ хидмат кунем. Ба назарам зарар надорад ва ин аз замони Шӯравӣ дар тамоми дунё буд. Ин проблема нест, вале агар ин бисёр асабонӣ карда бошад, аз ҳамин рӯз дигар намегирам."

Ин суолро “Озодагон” баъди он ироа кард, ки қаблан мошини гуселкунанда дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, талаботи чароғаки роҳнаморо сарфи назар карда, барои мошини хидматии вазир ба сӯи варзишгоҳи “Спартак” роҳ кушод. Вазир ба варзишгоҳ барои иштирок дар бозии футбол шитоб дошт, ки миёни кормандони Вазорати умури дохилӣ ҷараён дошт.
Мӯҳр
Офарин ба вазир! Агар вокеан фикри мардум ва журналистон барояш мухим бошад, пас арзандаи мансабаш аст!

точик
Офарин ба Озодагон ки натарсида савол дод.

Офарин ба Рахимзода!!! Ба назарам, ки айни замон яке пз муваффактарин вазиронанд. Осоиштагиву тинчиву осудагии мо мардумони одди, аввало аз Худованди мутаъол, баъдан аз хизмати шарафмандонаи нафарони ниходи зертобеи Рахимзода аст. Ба назарам имруз Рахизода дар Хукумати Рахмон сутуни асосиянд.

ба стадион барои корхои мухимро ичро кардан???

Спартак
Офарин ба озодии "Озодагон" ва млн ташаккур ба Вазир- Рахимзода.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)