АКС: Падари раҳбари ифротиён дар Суғд: Паронед, нест кунед, инҳоро!

Туйчибой Абдуллоев, падари “Абдулло Увайс” – ки яке аз саркардаҳои ифротиён дар Суғд арзёбӣ мешавад, аз мақомоти тоҷик хостааст, алайҳи гуруҳҳои ҷиноию ифротӣ муборизаи беамон баранд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи боздошти гуруҳи 10 нафарии аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, суҳбати телевизионӣ бо Туйчибой Абдуллоев, падари “Абдулло Увайс”-ро пахш кард, ки зимни он Абдуллоев аз рафтори писараш интиқод намуд. “Ҳанӯз вақти пешвозаш дар фурудгоҳ дидам, ки тамоман тағйир ёфтааст. Шимҳо боло, риш мондааст. Аз намозхонияш хурсанд шудам, аммо рафтораш тамоман дигар. Чанд моҳ насиҳат кардам, нашуд. Ман тарафдори намозхониям, аммо роҳи ҳалол бошад. Ман падар, дилам месӯзад, аммо роҳи пешгирифтаи инҳо дуруст нест. Ин роҳи ҳаромба илоҷаш бошад, паронед, нест кунед, инҳоро аз Тоҷикистон. Шукр гуфтан, даркор, ки ҳукумати Тоҷикистон ин қадар шароит фароҳам овардааст.” изҳор дошт, Абдуллоев дар ҳоле, ки гиря гулӯгираш мекард.
Мақомот Ҷалол Юсупов бо лақаби “Абдулло Увайс”-ро дар он муттаҳам мекунанд, ки дар муҳоҷират шомили Ҳаракати исломии Узбакистон шуда, вазифа гирифтааст, ки ба Ватан баргашта ҷавонони дигарро низ ба ин ҳаракат ворид кунаду барои таъсиси хилофати исломӣ замина фароҳам орад: “Ӯ дар ноҳияи Спитамен, аз ҷумла шаҳраки Нов, ҷамоатҳои Истиқлол, Улҷабоев ва Куруш 9 нафар ҷавони дигарро ҷалб карда, бо роҳи қасамёдкунӣ иттиҳод мекунанд.”
Тавре боздоштшудагон иқрор кардаанд, онҳо ҳадафи таъсиси хилофати исломӣ, кӯмак ба оилаҳои фавтидагон, озод кардани шарикони худ аз маҳбасхонаҳоро доштаанд. Тариқи қасамёдкунӣ онҳо уҳдадор шудаанд, ки дар сурати зарурат кӯмаки модию ҷонии худро барои ҷанг дар дохилу хориҷ дареғ нахоҳанд дошт.
Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, феълан алайҳи боздоштшудагон аз рӯи иттиҳоми ташкили иттиҳоди ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |