Баҳси амният ва ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар Душанбе
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Абдулғафур Орзу, сафири Афғонистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ-и кишвар, дидори Зоҳидӣ бо Орзу рӯзи 16 январ дар Душанбе баргузор шудааст. Ҷонибҳо дар ин вохурӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, амният ва ҳифзи сарҳадро баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар робита ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ табодули назар сурат гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |