Муовини Убайдуллоев дар бораи барномаҳои танқидӣ: “Аз дидани онҳо шарм медорем”

Насрулло Хайруллоев, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар мушкили рӯбарӯ шудаи шаҳрдорӣ дар баровардани партовҳои пойтахти Тоҷикистон сокинони баъзе аз шаҳру навоҳии ҳамҷаворро айбдор кард.
Оқои Хайруллоев рӯзи 16 январ дар нишасти хабарие гуфт, баъзе аз сокинони ноҳияи Ҳисору Рудакӣ, Шарора ва шаҳри Ваҳдат партовҳои худро дар партовгоҳҳои пойтахт мепартоянд. “Ҳамин халтаҳои селофанӣ бисёр як чизи аҷибе шудааст, ки сокинон аз ноҳияи Ҳисор, Шарора, Ваҳдат ва ноҳияи Рудакӣ, ки мошини сабукрав доранд, партовҳои худро ҳангоми омадан ба шаҳр оварда, дар нахустин партовгоҳи пойтахт мепартоянду гузашта мераванд, чун аз деҳаҳои онҳо партовҳорро намебароранд”,- афзуд ӯ.
Муовини аввали шаҳрдори Душанбе инчунин аз сатҳи фарҳанги шаҳрнишинии баъзе сокинони пойтахт шикоят карда гуфт, онҳо партовҳои худро ҳар куҷо рост омад мепартоянд ё фарзандони нобилиғи худро вобаста мекунанд. Насрулло Хайруллоев дар идома раванди намоиши барномаҳои интиқодӣ дар ин мавзӯъро “тезу тунд” хонда, иқрор кард, “мо низ аз дидани онҳо шарм медорем.”
Ӯ аз намояндагони ВАО-и кишвар даъват кард, бештар ба сокинон масъулияти шаҳрвандиро таблиғу ташвиқ кунанд: “Баъзе аз сокинони хонаҳои баландошёна партовҳои худро дар қуттиҳо намепартоянд, саҳар ба шавҳараш медиҳад, ӯ бароварда дар пушти гузаргоҳи хона мемонаду ба кор меравад. Бо ин ҳол мо даъво мекунем, ки шаҳри мо ифлос аст, биёед аз тариқи тамоми ВАО масъулияти шаҳрвандиро таблиғ кунем.”
Дар идома Зафар Сафаров, раиси ноҳияи Синои пойтахт низ ба ин масъала дахл карда, гуфт, дар рӯбарӯи дурбинҳои рӯзноманигорон нафароне дар бораи мушкили партовҳо гап мезананд, ки худ ҳаққи хидматрасонии баровардани партовҳоро солҳо насупоридаанд: “Вақте мегӯяд, мо пурра маблағи баровардани партовҳоро супоридаему сари вақт онҳоро намебароранд, рафта санҷиданд, солҳо насупоридааст. Замоне ки журналисти муҳтарам дар эфир ба нафаре сухан медиҳад, аввал ҳуҷҷатҳояшро бинад, ки дар асл супоридааст ё не. Ба мо маблағи баровардани партови сахти маишӣ медиҳанд, аммо яхдону дигар чизҳоро низ оварда мепартоянд.”
Ба гуфтаи Насрулло Хайруллоев ҳоло 65 мошин ба баровардани партовҳои пойтахт машғул буда, дар як рӯз аз ҳудуди шаҳри Душанбе 700 тонна партов берун мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |