Ишқу ошиқӣ ва хиёнат: Тоҷикон боз қаҳрамони “Пусть говорят” шудаанд (ВИДЕО)
Идибек Убайдов, сокини тоҷиктабори вилояти Оренбурги Русия, қаҳрамони нави барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали телевизиони Русия шудааст.
Татяна, ҳамсари руси Идибек Убайдов, ӯро бо 5 фарзанд партофта, ба арақнӯшӣ ва ишқбозӣ машғул шуда, оиларо тарк кардааст. Дар барномаи “Пуст говорят” ташхиси ДНК нишон медиҳад, ки падари фарзанди хурди ин хонавода Идибек нест. Дар барнома инчунин маъшуқи нави Татяна муаррифӣ мешавад, ки низ ҷавони 30-солаи тоҷик будааст ва бо забони тоҷикӣ миёнашон баҳси кӯтоҳе сурат мегирад. Идибек Убайдов, ҳатто баъди он, ки маълум мешавад, Акрам, фарзанди хурдии хонавода аз ӯ нест, таъкид мекунад, то замоне зинда аст, ягон фарзандаш ва аз ҷумла Акрамро тарк нахоҳад кард.
ВИДЕОИ барномаи “Пусть говорят”
Ин барнома дар Ютуб:
Бори авваал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон қаҳрамони ин шоу барномаи телевизиони Русия мешаванд. 9 октябри соли 2013 тариқи ин барнома аз робитаи пинҳонии Саид Шарифов , як шаҳрванди Тоҷикистон бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳил (шавҳардор)-и рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса шуда буд. Бар асоси гуфтаҳои "Пусть говорят" муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад. Ахиран, Саид Шарифов ба Тоҷикистон баргашта аз ҳамсару фарзандонаш узрхоҳӣ кардааст.
Бозгашт ва узрхоҳии Саид Шарифов аз оилаи тоҷикаш (ВИДЕО)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |