Низоми пурзӯри хидмат дар Тоҷикистон баъди таҳдиди "баҳори гарм"
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, иттилоъ дар бораи таҷаммӯи ҷангҷӯён дар наздикиҳои сарҳад ва таҳдиди “баҳори гарм” ба кишварро тасдиқ кард.
Раҳимзода ба суоли “Озодагон” оид ба он ки гӯиё ҳудуди 4 ҳазор ҷангҷӯ дар назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омадаанд ва таҳдид доранд, баҳори соли равон худро нишон хоҳанд дод, посух дод, “воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад. Дар пайи амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон онҳо ба наздикиҳои сарҳад ҳаракат доранд.”
Ӯ гуфт, дар ҳайати ин ҷангҷӯён аъзои созмонҳои гунонуни террористӣ, аз қабили Толибону Ҳаракати исломии Узбакистон қарор доранд: “Мо ҳар гуна иттилоъро дарёфт карда истодаем ва бо мурури дарёфти иттилоъ чораандешӣ мекунем. Баъди дарёфти иттилоъ доир ба хатарҳо аз Афғонистон хидмати низомиёни тоҷик ба низоми пурзӯр гузаронда шудааст. Чораандешӣ карда истодаем, баъзе гуруҳҳоро аллакай боздошт кардаем.”
Вазири умури дохилӣ таъкид намуд, дар боробари чорабиниҳо аз ҷониби Тоҷикистон Афғонистон низ мубориза хоҳад бурд: “Афғонистони пешӣ нест ва низомиёни ин кишвар бо техникаи муосир таҷҳизонида шудаанд.”
Раҳимзода илова намуд, ояндаи наздик дар Афғонистон намояндагии Вазорати умури дохилӣ ифтитоҳ хоҳад шуд, ки муборизаи ду кишварро алайҳи ҷинояткорӣ ҳамоҳанг ва пурзӯртар хоҳад кард.
Ахиран Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз таҷаммӯи ҷангҷӯён дар сарҳади Тоҷикистон хабар дода, аз таҳдиди “баҳори гарм” дар Осиёи Марказӣ суҳбат карда буд: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |