“Муфтӣ, Абдуҷаббор Раҳмон ва Ҷаноби Олиро таҳкир кардаанд, ки..."
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе бори дигар мушкили мутаваққиф шудани ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро шарҳ дод.
Орумбекзода, гуфт, бархе рӯзномаҳо дар танқид фаъоланд, аммо саривақт аз қайди Вазорат намегузаранд. Ӯ афзуд, масъалаи асосии мутаваққиф шудани чопи “Нигоҳ” дар тамдид накардани шаҳодатномаи фаъолияташ буд. Инчунин ба гуфтаи вазири фарҳанг ин нашрия ба таҳқири бархе аз шахсиятҳо роҳ додааст: “Аз ҷумла Абдуҷаббор Раҳмонро гуфтаанд, ки ин чӣ гуна академик аст. Домулло Муфтиро гуфтаанд, аз қафои зоғ равӣ, нӯлат ба “чиз” мезанад, ки ин таҳқир аст. Ҳатто баъзан ба таҳқири Ҷаноби олӣ низ роҳ додаанд.”
Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид намуд, тибқи тамоми меъёрҳои байналмилалӣ таҳқири шахс мамнуъ аст. Ӯ аз он интиқод намуд, ки масъулини “Нигоҳ” зимни суҳбат дар Вазорати фарҳанг камбудиҳоро эътироф намудаанд, аммо баъди дарёфти иҷозаи чоп ислоҳ накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи иттилотиву сиёсии “Нигоҳ”, ба далели надоштани иҷозатномаи Вазорати фарҳанг қаблан тайи ду ҳафта аз нашр монда буд. Баъди дарёфти иҷозаи чоп "Нигоҳ" навишт, ки сабаби аслии аз чоп мондани ду шумораи гузаштаашро муайян кардааст: “Муҳтавои гӯшаву шеваҳои пешниҳоди матолиби нашрия ва ҳамчунин забони мақолаҳои "Нигоҳ" ба мансабдорон ва ниҳодҳои алоҳидаи ҳукумат писанд набудаанд.” Дар ҳоле ки чопхона зимни радди чопи “Нигоҳ” надоштани санади бақайдгирӣ дар Вазорати фарҳангро пеш меовардааст.
Дар ин робита низ аҳли эҷоди "Нигоҳ" бар онанд, ки: а) баҳисобгирии давлатӣ як маротиба мешаваду муҳлатнок кардани шаҳодатномаи баҳисобгирӣ меъёри зиддиконститутсионӣ аст. Аз ин рӯ, бояд дар Суди конститусионӣ мавриди баррасӣ қарор гирад; б) сензура дар Тоҷикистон манъ буда, ҳеч ниҳоди ҳукуматӣ ҳаққи дахолат ба муҳтавоии расонаҳои мустақилро надорад; в) расмиёти техникӣ, монанди баҳисобгирии нашрия ва идораи соҳа аз ҷониби ниҳодҳои маъмур набояд боиси сӯистифода аз вазифаву мансаби давлатӣ, поймол шудани қонунҳо ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |