Нигаронии “Тоҷикматлубот” аз харидор наёфтани пашм
Иброҳим Гулов, муовини раиси “Тоҷикматлубот” 16 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод дар Душанбе аз харидор наёфтани пашмҳои коркардшуда нигаронӣ кард.
Ӯ гуфт, корхонаи пашмшӯии шаҳри Ваҳдат дар соли сипаришуда 150 тонна пашм омода кардааст, аммо ҳеч ширкате ҳозир нашуда, то онро бихарад. “Дар солҳои қаблӣ ширкатҳои чинӣ, қирғизҳо ва аксаран афғонҳо аз мо пашм мегирифтанд. Имсол ҳам афғонҳоро даъват кардем, омада пашмро диданд, аммо харидорӣ накарданд”.
Ҷаноби Гулов мегӯяд, дар солҳои Шӯравӣ харидорони аслии пашми Тоҷикистон Русия ва Туркманистон буд: “Онҳо аз пашм либосҳои ҳарбӣ истеҳсол мекарданд. Аммо баъди барҳам хурдани Шӯравӣ ин ду кишвар дигар аз мо пашм нахариданд”.
Иброҳим Гулов афзуд, онҳо қасд доранд, бо харидории таҷҳизоти муосир аз пашмҳои омодашуда ришта истеҳсол намоянд ва риштаро ба корхонаҳои ватанӣ бифурӯшанд.
Тибқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҳудуди чоруним миллион чорвои майда аст, ки аз онҳо пашм гирифта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |