Вазир: Намедонем Низомхон Ҷӯраев дар куҷост
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар мавриди макони будубоши Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара иттилое надоранд.
Раҳимзода изҳор дошт, агар дар бораи ҷойи пинҳоншавии Низомхон Ҷураев иттилое медоштанд, ҳатман ӯро боздошт мекарданд: “Агар медонистем, ҳатман боздошт мекардем. Ҳозир ҷустуҷӯ идома дорад.”
Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара, миёнаи моҳи июни соли гузашта, ҳамон тавре ки аз Русия ба Душанбе омада буд, ба таври мармуз “ғайб зад”. Ӯро, ки бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид. Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод ва боз дар нимаи соли гузашта ба таври мармуз ғайб зад.
Рӯзи 30 июли соли гузашта Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон эълон кард, бар асоси иттилое, ки онҳо дар даст доранд, гӯиё Низомхон Ҷӯраев ба Қирғизистон фирор кардааст. Оқои Ғоиб дар идома гуфт, ҳоло барои боздошти Ҷӯраев ба Интерпол ё пулиси байналмилалӣ муроҷиат шуда ва ӯ дар ҳоли кофтукоб мебошад.
Аммо масъулони Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯянд, барои боздошти Низомхон Ҷӯраев – вакили собиқи Маҷлиси вилоятӣ дар Суғд ва раҳбари корхонаи кимиёи Исфара то ҳол аз тарафи ҳамтоёни тоҷики худ муроҷиате нагирифтаанд. Дар ин бора Ҷӯрабой Абдураимов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” иттилоъ дод.
“Мо дар бораи боздошти Низомхон Ҷӯраев аз мақомоти Тоҷикистон ягон муроҷиат нагирифтаем. Ӯ дар қаламрави Қирғизистон нест. Агар муроҷиат мешуд, барвақт ӯро боздошт мекардем. Барои ҳамин, наметавонам факти дар ҳудуди Қирғизистон будани Ҷӯраевро тасдиқ кунам”,-изҳор дошт Абдураимов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |