Дархости истирдоди Қувватов аз Туркия ва боздошти 11 узви "Гуруҳи 24" (Навшуда)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои истирдоди Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” ба Туркия дархост равон кардаанд.
Ӯ ин нуқтаро имрӯз, 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид карда, афзуд, ки ин нафар дар ҷиноёти вазнин муттаҳам мешавад: "Қарор дар бораи истирдод шудан ё нашуданашро мақомотти Туркия қабул хоҳанд кард." Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли гузашта дар маҷмуъ 11 узви "Гуруҳи 24"-ро боздошт кардаанд: "Аз ин се нафар дар Тоҷикистон ва 8 нафар дар Русия дастгир шудаанд. Масъалаи истирдоди боздоштшудаҳо дар ҳоли баррасӣ қарор дорад." Вазири умури дохилӣ афзуд, ки дар бораи теъдоди умумии аъзои "Гуруҳи 24" иттилои дақиқ надорад: "Ҳамон нафаронеанд, ки аз қабл ҳамроҳашон буданд. Тарафдорони дигаре пайдо накардаанд."
Дар ҳамин ҳол Назарзода Қудратулло, сардори раёсати кофтукоби Вазорат дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, феълан 20 нафар аъзои дигари "Гуруҳи 24" мавриди кофтукоби ҷиноӣ қарор доранд.
Худи Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24”, 19-уми декабри соли 2014 аз манзили зисташ дар Туркия аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт гардид ва далели боздошташ нақзи қоидаҳои будубош дар ин кишвар арзёбӣ мешуд.
Ба иттилои наздикони Қувватов рӯзи 19 декабр дар баробари Қувватов се тан аз ҳамроҳонаш -Ҳусайн Ашурови 33-сола, Суҳроб Тураеви 36-сола ва Абдурашид Ҳомидови 25-сола боздошт шудаанд, ки аз онҳо ҳамчун узви созмони дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи “Гуруҳи 24” ном бурда мешавад.
Қаблан созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Туркия риояи ҳуқуқи боздоштшудагонро талаб намуда, зикр мекунанд, ки Қувватов барои дарёфти мавқеи гуреза ба дафтари дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат карда, феълан интизори натиҷааш аст.
Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов ва аъзои “Гуруҳи 24”, ки 9-уми октябр аз ҷониби Додгоҳи Олӣ экстремистӣ эълон шудааст, дар ҷиноятҳои вазнини зидди сохти конститутсионӣ муттаҳам мешаванд. Қаблан Додситонии генералии Тоҷикистон гуфт, “прокуратураи генералӣ маводи ҷамъовардашударо оид ба фаъолияти “Гурӯҳи 24” мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуд, мақсади асосии “Гуруҳи 24” бо роҳи зиддиконститутсионӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мебошад. Қувватов ва дигар намояндагони ин гуруҳ дар баромадҳои хусусияти ифротгароёнаи (экстремистидоштаи) худ мардуми Тоҷикистонро ба бетартибиҳои оммавӣ, рӯирост ба ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ бо роҳи зӯроварӣ, яъне ба содиркунии ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ даъват мекунанд.
Ин ниҳод таъкид кард, ки баробари ин Умаралӣ Қувватов барои ҷиноятҳои дигар, аз қабили қаллобӣ ва азхудкунии амволи ғайр, дар кофтуков қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |