Генерал Шоев дар бораи афзоиши маргумир, чархбол ва ҳалокати ҷавони кореягӣ
Генерал-майор Рустам Шоев, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон имрӯз, 15-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, соли 2014 дар кишвар 31 нафар дар пайи офатҳои табиӣ ба ҳалокат расидаанд, ки нисбати соли 2013 қариб 3 баробар зиёд аст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соли 2013 офатҳои табиӣ ҷони ҳамагӣ 11 нафарро рабуда буданд. Манбаъ мегӯяд, инчунин соли 2014 зимни оббозӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 112 нафар ғарқ шудаанд: “Аз ҷумла як шаҳрванди 27-солаи Кореяи Ҷанубӣ 8-уми июли соли гузашта, зимни оббозӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ғарқ шуда, ҷасадаш баъди се рӯз аз ҳудуди ноҳияи Қумсангир аз ҷониби наҷотдиҳандаҳо дарёфт шуд.”
Генерал Рустам Шоев инчунин илова кард, зимни фаъолияташон дар соли 2014 ягон бор ниёз ба чархбол надоштанд ва технологияи мавҷуда барои кори онҳо кофист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |