Мусодираи 500 ҳазор рубли тақалубӣ дар шимоли Тоҷикистон
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз мусодираи 500 ҳазор рубли қалбакии русӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои РУД, ин миқдор пули тақаллубиро кормандони милиса аз ду сокини ноҳияи Спитамен ёфт ва мусодира кардаанд: “Кормандони милисаи ноҳияи Спитамен муайян намуданд, ки Аҳрор Ҷумъаеви 17-сола, сокини ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоеви ноҳияи мазкур, муддате чанд дар нуқтаҳои ивази асъор ба иваз намудани пулҳои қалбакии қоғазии 5 ҳазораи рубли Русия машғул будааст. Ҳангоми кӯшиши навбатӣ аз ӯ 92 адад 5 ҳазораи қалбакии асъори хориҷӣ гирифта шуд. Тавре чорабиниҳои фаврии иловагӣ муайян намуд, пулҳои қалбакӣ дар маҷмӯъ 500 ҳазор буда, ба сокини ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен Юлдуз Кариқуловаи 26-сола, тааллуқ доштаанд”.
Манбаъ мегӯяд, пули мусодирашуда аз рӯи ҳаҷм, шакл, ранг ва дигар хусусият шабеҳи пулҳои аслӣ буда, онҳо берун аз ҳудуди Тоҷикистон омода шудаанд: “На ҳар кас қалбакӣ будани онро муайян карда метавонад”.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |