Бахшҳо

Ҷопон барои ҳафт лоиҳа ба Тоҷикистон 700 ҳазор доллар медиҳад

Ҳукумати Ҷопон дар доираи барномаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амниятии башарияш ба Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додааст.

Ин кӯмаки бебозгаштро мақомоти тоҷик дар пайи имзо кардани 7 созишномаи муштараки Тоҷикистону Ҷопон соҳиб шуданд. Расми имзои он рӯзи 14 январ дар сафорати Ҷопон дар Душанбе сурат пазируфт. Зери лоиҳаҳои нав Такашӣ Камада, сафири Ҷопон дар Душанбе ва намояндагони мақомоти пазирандаи грантҳо имзо гузоштаанд. Бар асоси он Токио 7 лоиҳаи зеринро маблағгузорӣ мекунад:

“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №11 дар деҳаи “Хироб”-и ҷамоати деҳоти “Балҷувон”-и ноҳияи Балҷувон”. Маблағи лоиҳа 98 222 доллар;

“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №8 дар деҳаи “Сомонобод”-и ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар”. Маблағи лоиҳа 101 245 доллар;

“Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба шаш деҳоти ҷамоати “Лоҳутӣ”, ноҳияи Ховалинг”. Маблағи лоиҳа 99 468 доллар;

“Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба деҳаи “Дархон”-и ҷамоати деҳоти “И.Сомонӣ”-и ноҳияи Ғончӣ”. Маблағи лоиҳа 98 461 доллар;

“Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе”. Маблағи лоиҳа 99 882 доллар;

“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №25 деҳаи “Зорон”-и ҷамоати деҳоти “Муҷиҳарф”-и ноҳияи Нуробод”. Маблағи лоиҳа 98 151 доллар;

“Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №15 деҳаи “Сабзазор”-и ҷамоати деҳоти “Лангаришоҳ”-и ноҳияи Тоҷикобод”. Маблағи лоиҳа 99 391 доллар.
Мӯҳр
Каллаварами мухаррир!
700 хазор доллар...!
На 700 миллион....
Агар 700 миллион мебуд, байни мансабдорони мо тарака сар мешуд!!!
Тезтар ислох кунед!!!!!!!!!!!!!!

Мухтарам Озодагон! Лутфан иштибохро дар макола ислох намоед. 700 миллион неву балки 700 хазор доллар. Хамаи харочотхои хафт лоихаи дар макола дарч гашта хамаги 694 820 долларро ташкил медихад.

Такфони
Бехтарин лоихахо. Ташаккур ба Чопон аз номи Точикон.

Хато дар ракамхо
Навишти ракамхо дар шакли "98,222 доллар" хоси забони англисист. Он гунае, ки шумо истифода кардед дар матни точики маънои хамаги 98 долларро бо 22 сент медихад. Яъне вергул бамаврид нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)