Руҳонии тоҷик нашри дубораи карикатураи Муҳаммад (с)-ро маҳкум кардааст
Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ нашри дубораи карикатураи Муҳаммад (с) - паёмбари наздик ба 2 миллиард пайравони дини мубини Ислом дар маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo"-ро маҳкум карда, онро ноҷавонмардона хондааст.
Ин руҳони тоҷик дар саҳифаи фейсбукаш дар робита ба ин қазия ба ҳаводорони Муҳаммад (с) ибрози ҳамдардӣ карда, навиштааст: “Имрӯз ин маҷаллаи фаронсавӣ бо нашри се миллион карикатураи Паёмбари гиромии Ислом (с) бори дигар қалби дӯстдорони Расулуллоҳ(с)-ро реш гардонид.”
Ба гуфтаи оқои Муҳаммадӣ, масъулини маҷаллаи "Charlie Hebdo" дар ҳоле дубора даст ба тавҳину нашри беш аз се миллион карикатураи тавҳиномези Муҳаммад (с) заданд, ки аксари раҳбарону чеҳраҳои маъруфи пайравони дини мубини Ислом дар робита ба ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба дафтари онҳо ҳамдардӣ баён карда, онро маҳкум карданд.
Ӯ дар идома бо овардани ояте аз Қуръон ба тамоми пайравони дини мубини Ислом гӯшзад кардааст, ки бо вуҷуди ин ҳама талошҳову таҳқирҳо дар номи паёмбар (с), “дар рӯи замин шаҳре вуҷуд надорад ки дар он ҳар соат садои азон ва зикри номи зебои Муҳаммад танинандоз нагардад” ва меафзояд, “ҳар соат ва ҳар рӯз зикри номи зебояш баландтар хоҳад гашт.”
Маҷаллаи “Charlie Hebdo” дар шумораи ахираш, ки 14 январ бо теъдоди се миллион нусха нашр шуд, карикатураи Муҳаммад (с)-ро ба табъ расонд.
Дафтари кории маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, ки ҳанӯз 4 соли қабл, моҳи ноябри соли 2011 карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр карда буд, зуҳри 7 январ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд ва аксари расонаҳои ғарбӣ ҳоло далели эҳтимолии ин ҳамлаи хунинро нашри 4 сол қабли ин карикатураҳо эълон доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |