Хадамоти гумрук: Президент ба ҳисобукитоби мо бовар дорад, аммо...
Хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби истифода шудани омори гумруки Чинро дар изҳоротҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шарҳ дод.
Нуриддин Маҳмадов, ноиби раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 14-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе эътироф намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо бо ҳамтои чинияш вақти суҳбат дар бораи додугирифти ду кишвар аз омори гумрукии Чин истифода мекунад: “Аммо ин маънои онро надорад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳисобукитоби Хадамоти гумрук боварӣ надорад ва ин нишонаи шубҳа нест. Барои он, ки дар мулоқотҳо оморҳои фарқкунанда дар мавриди додугирифти ду кишвар садо надиҳанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз омори Чин истифода мекунад.”
Маҳмадов сабаби асосии фарқи зиёд миёни омори гумрукии Чину Тоҷикистонро дар методологияи ҳисобукитоб арзёбӣ кард: “Масалан дар гумруки Чин содироти кору хизматрасонӣ ҳам ба қайд гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон чиниҳо лоиҳаҳои зиёд доранд. Аммо дар гумруки Тоҷикистон кору хизматрасонӣ аз расмиётдарории гумрукӣ гузаронда намешаванд."
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гузоришу баромадҳояш зимни сафари давлатии Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар Душанбе ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишварро ду миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд, ки ин омори чинист. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2013 ва 2014 ҳам аз 800 миллион доллари амрикоӣ зиёд нест. Аз ҷумла тибқи омори нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон додугирифт дар соли 2014 наздики 770 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки аз 730 миллион доллар воридот ва 39 миллион доллар содирот мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |