Бахшҳо

Эълони озмуни Кумитаи дин барои раҳбаладони “Ҳаҷ-2015”

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, ниҳоди танзимкунандаи маросими ҳаҷ дар кишвар ба хотири пайдо кардани роҳбаладон барои маъракаи зиёрати хонаи Худо дар соли 2015 озмун эълон кардааст. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин рӯзи 13 январ дар суҳбат ба “Озодагон” хабар дод.

Оқои Муқим мегӯяд, дар ин озмун афроде метавонанд, иштирок кунанд, ки синашон аз 25 то 60 сол буда, “забони арабиро донад, як маротиба сафари ҳаҷ намуда бошад, аз маносики ҳаҷ ба пуррагӣ огоҳ бошад, малакаи ташкилотчигию кор бо мардумро дошта бошад ва худшиносии миллию таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро дошта бошанд”.

Озмуни Кумитаи дин барои пайдо кардани роҳбаладон ба маъракаи “Ҳаҷ-2015” да ҳолест, ки Абдурраҳим Холиқзода, раиси ин ниҳоди давлатии танзимкунандаи маъракаи ҳаҷ дар Тоҷикистон зимни як ҳамоиши бахшида ба маъракаи “Ҳаҷ-2014” , аз камбудиии бархе роҳбаладон интиқод намуд. Ӯ таъкид дошт, барои роҳнамоӣ дар шаҳр аз зоирин набояд маблағ гирифта шавад ва ин дар шартномаи дутарафа таъкид шудааст.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Мӯҳр
соли 2014 бародарам хамчун рохбалад ба хач рафт. бовар намекардам ки ин озмун шаффоф мегузарад. аммо у аз озмун гузашт. бигзор арзандахо барои хочихо хизмат кунанд

Darvesh
............худшиносии миллию таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро дошта бошанд”.
Ustodoni donishgohe ki dinro meomuzand ba onho chi sabukiho doda meshavad????

хезумкаш
Хами маоши рохбаладора бардорен бад ай зоирон маблаг намеситона

в
Илтимос хамон занхои сабукпое, ки на арабиро медонанду дар хачч бо корхои шахсии худ машгул мешаванд, рохбалад интихоб накунед.

Маблаги сафари хачро бо асъори мили месупоран ё ба долар

Маблагаш чанд сум аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)