Раиси “Амонатбонк”: Бо Толиб Айёмбеков ҳамкорӣ дорем!
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси “Амонатбонк” имрӯз, 13-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “қумандон”-ҳои Бадахшон қисмати зиёди қарзашонро ба бонки зертобеяш баргардондаанд.
Ба иттилои раиси “Амонатбонк”, Оламбибӣ Гулдарбоғова, ҳамсари бародари Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон, ки ҳанӯз соли 2008-ум аз ин бонк 350 ҳазор сомонӣ гирифта буд, қарзашро пурра баргардондааст. Нурмуҳаммадзода афзуд, бо Толиб Айёмбеков, собиқ фармондеҳи дигари мухолифин дар Бадахшон низ дар масъалаи баргардондани қарзҳояш ҳамкорӣ доранд: “Толиб Айёмбеков аз 455 ҳазор сомонӣ қарзи гирифтааш, то ҳол 277 ҳазору 50 сомониашро баргардонда, 177 ҳазору 250 сомонӣ боқӣ мондааст. Мо бо ӯ ҳамкорӣ дорем. Ҳафтаи гузашта 12 ҳазору 800 сомонӣ супорида ваъда дод, давоми моҳи ҷорӣ 25 ҳазор сомонии дигарро месупорад.”
Раиси “Амонатбонк” ба хабарнигорон барои таваҷҷуҳашон ба ин масъала изҳори миннатдорӣ кард, ки ба ҳамин восита барои баргардондани маблағҳои бонк мусоидат намудаанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2012, зимни сафараш ба Бадахшон таъкид намуд, ки Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков ҳар чӣ зудтар қарзашонро ба "Амонатбонк" баргардонанд.
Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо сокинони вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дар моҳи сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро бо назардошти фоизҳо 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда буд. Раисиҷумҳур он замон иқрор кард, ки қарзҳои бонкӣ ба фармондеҳони мухолифин бо дастури худаш ироа гардидаанд: “Дастур дода будам, ки дар соли 2008 ба бархе аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ қарзҳо диҳанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Масалан, “Амонатбонк” ба хоҳари Ёдгор қарз дода, аммо 700 ҳазор сомонӣ баргардонда нашудаст. Абдураҳмонов, фарзанди Айёмбеков, 560 ҳазор сомонӣ қарзро барнагардондааст.”
Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров, аз чор қумандони маҳаллии Бадахшон маҳсуб меёбанд, ки тобистони соли 2012 додситонӣ онҳоро қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон ва барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |