АКС: Вокуниши Зоиров ва ҳушдори судя ба ҳамсари Қудратов
Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов, ҳукми додгоҳро алайҳи зерҳимояаш ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, ки аз болои он ба наздикӣ шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.
Зоиров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба 9 соли зиндон маҳкум шудани Шуҳрат Қудратов бори дигар тарҳрезишуда ва супоришӣ будани парвандаҳоро алайҳи ӯ нишон дод. Вакили дифоъ гуфт, Турабек Охунов аз рӯи моддаи 247 аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид, аммо додрас инро умуман ба назар нагирифтааст: “Афв низ танҳо аз рӯи моддаи 320 татбиқ шудааст. Мо дар мурофиаҳои додгоҳӣ бо далелҳои муътамад бегуноҳии Шуҳрат Қудратовро нишон додем, аммо додрас ҳамаро сарфи назар кард.”
Дар мавриди мусодираи молу амволи зерҳимояаш, Зоиров илова намуд, ки дар ҳукми додгоҳ дар ин бора чизе гуфта нашудааст ва ин масъала ҳамоно дар истеҳсолоти судӣ қарор дорад.
Тоҳирбек Мусобекзода, раисикунандаи мурофиа имрӯз, 13-уми январ зимни эълони ҳукм изҳор дошт, ки бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазои Қудратов кам шуд ва аз рӯи ҳар ду парвандаи ҷиноӣ дар маҷмуъ ба 9 соли зиндон маҳкум гардид. Инчунин тибқи қарори додгоҳ баъди адои ҷазо Қудратов ду сол ҳаққи фаъолияти адвокатиро нахоҳад дошт. Раисикунандаи мурофиа изҳор дошт, ин ҳукм бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал даст ба ҷиноят задани маҳкумшуда ва фарзандони ноболиғаш содир шудааст.
Инчунин дар посух ба нидои эътирозомези Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шуҳрат Қудратов зимни эълони ҳукм додрас ба ӯ ҳушдор додааст, ки алайҳи ӯ акт ё худ санади судӣ тартиб медиҳад. Зоиров мегӯяд, ҷузъиёти ин ҳушдорро бояд аз судя пурсид, аммо шахсан бовар надорад, ки раисикунандаи мурофиа ин ҳушдорашро нисбати Гулафрӯз Қурбонова амалӣ кунад.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум созад ва бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлатро кам кунад. Аммо Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов дар Додгоҳи Душанбе ҳар ду парвандаи ҷиноиро алайҳи зерҳимояаш сохта ва фармоишӣ хонда, аз додрас озодияшро талаб кард.
Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида - раиси ширкати “Пайванд” пешбинӣ шуда буданд.
Инчунин Қудратов аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" - Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”
Дар мурофиаи рӯзи 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |