Ислом Каримов: Узбакистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди АвруОсиё шомил нахоҳад шуд
Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон гуфтааст, кишвараш ба Иттиҳоди АвруОсиё ва Иттиҳоди гумрукӣ ворид нахоҳад шуд.
Каримов дар нахустин ҷаласаи парлумони нави кишвараш таъкид кардааст, Узбакистон ба узвияти ягон Иттиҳоди ҳарбӣ-сиёсӣ шомил намешавад: “Дар ҳоли ҳозир як қатор давлатҳо болои нақшае кор мекунанд, ки тибқи шароити даврони шӯравӣ ба солҳои пешин бар мегардонад. Баъзе аз шабакаҳои телевизионии хориҷӣ бо намоиши барномаҳои вижа даврони гузаштаро тавсиф мекунанд, вале мо ин корро намекунем. Мо роҳбурди тараққияти худро дорем ва назди мардум ҷавобгарем. Ман ошкоро мегӯям, ки Узбакистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди АвруОсиё шомил нахоҳад шуд”.
Раисҷумҳури Узбакистон инчунин таъкид кардааст, ба ягон пойгоҳи низомии хориҷӣ дар қаламрави кишвараш иҷозаи ҳузур нахоҳад дод: “Бори дигар мегӯям, ки Узбакистон ҳеч гоҳ ба узвияти ягон Иттиҳоди ҳарбӣ-сиёсӣ дохил намешавад ва дар навбати худ аскарони узбак дар қаламрави ягон кишвар силоҳ ба даст намегиранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |