Ҳукумат шикори 1 Марко Полоро 45 000 ва Морхӯрро 202 000 сомонӣ нарх гузошт
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2014 нархи шикори гусфанди Марко Полоро 45 ҳазор сомонӣ ва Пармашохро 202 ҳазор сомонӣ муайян карда, ҳамасола онро болотар хоҳад бурд.
Абдуқодир Маскаев, масъули ҳифзи наботот ва ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз, 13-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳукумат дар мавсими шикори феълӣ барои шикори 80 гусфанди Марко Поло ва 6 Пармашох иҷозатнома ҷудо кардааст: “То ҳол ширкатҳои сайёҳӣ тавонистаанд барои шикори 67 Марко Поло ва 3 Пармашох довталаб ҷалб кунанд ва аз ин ҳисоб буҷаи давлат беш аз 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ даромад гирифтааст.”
Маскаев инчунин эътироф кард, ки гусфандҳои Марко Полои Тоҷикистон ба Афғонистону Чин кӯч мебанданд ва инро як раванди муқаррарии мавсимӣ хонд: “Мо барои нигоҳ доштани онҳо дар қаламрави Тоҷикистон наметавонем, низоми виза ё раводидро ҷорӣ кунем. Баръакс мо ҷонибдори онем, ки сарҳадҳо симхорбандӣ нашаванд, то ин ҳайвон ба таври табии рафтуомад кунад. Ин як ҳайвони кӯчӣ аст, ки мавсимӣ кӯч баста, боз бармегардад.”
Ин масъули Кумита иддаоро, ки Марко Поло ба далели камбуди ғизо аз Мурғоб ба Чину Афғонистон фирор мекунад, рад кард: “Воқеан сокинони Мурғоб гиёҳи тересканро, ки ғизои Марко Поло низ ҳаст, ба ҳайси сӯзишворӣ истифода мекунанд ва ин гиёҳ майли камшавӣ дорад. Аммо ин мушкил ба минтақаи иқомати Марко Поло дахл надорад, чун аз минтақаҳои аҳолинишин дур ҷойгиранд. Раванди камшавии терескан бештар ба ҳайвоноти хонагии сокинони Мурғоб, аз ҷумла қутос таъсири манфӣ дорад.”
Дар маҷмӯъ Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид мекунад, ба ҷуз шикори Хирси малла дар ноҳияи Рашт ҳолати дигари шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодири Тоҷикистонро ба қайд нагирифтааст. Шамс Назаров, муовини раиси ин Кумита изҳор дошт, ки барои барои шикори Хирси малла дар Рашт се сокини ин минтақаро 41 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд, ки феълан 40 ҳазор сомонии он пардохта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |