Бахшҳо
13 янв 2015 10:42Тоҷикистон / Акс

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

Неъматулло АКБАРЗОД

Як соли зиндагиву фаъолият миёни мардуми бумӣ ва муҳоҷирони кории шаҳри Красноярски Русия боис шуд, шинохти муайяне аз ҳамгироии миллатҳо ва ақалиятҳои ин минтақаи Сибир дошта бошам. Махсусан, аз ҳолу ҳавои ҳамватанон то ҷое огаҳӣ пайдо кардам. Ин тасаввури мо шояд то ҷое мутаззод ва ё ба дидгоҳе муқобил бошад. Ба ҳар ҳол, саъй мекунам, ба ривояти чанд ҳарфу тасвири воқеӣ тӯшаи чашмамро пешкаши шумои азиз гардонам.

(аз баёноти сайёҳии як журналисти тоҷик)


Теъдоди тоҷикони шаҳри Красноярск ҳудуди 8,5 ҳазор гуфта мешавад. Тибқи омори рӯи даст, миёни ҳамватанони мо дар ин шаҳр хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, вакилони дифоъ, тарҷумонҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 3 ҷарроҳи варзида, 1000 хонандаи мактаб, 642 донишҷӯ, даҳҳо соҳибкори шинохташудаву фаъоли ҷамъиятӣ, варзишгарони номвар ва низ хеле-хеле ҷавонони меҳнатдӯст ҳастанд, ки орому сарбаланд, кору зиндагӣ мекунанд (албатта шумора калаванда аст ва вобаста ба мавсимҳои кориву бекорӣ метавонад каму зиёд шавад).

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск яке аз аввалин диаспораҳои тоҷикони Русия ба ҳисоб меравад. Соли 1996 бо саъйу талошҳои як зумра тоҷикони баор, махсусан раҳбари кунунии он Ҳайдар Алимов Маркази милливу фарҳангии “Пайванд” - яке аз аввалин ҷамъиятҳои тоҷикони Федератсияи Русия таъсис ёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам нахустин шуда ҳамин Ҷамъияти тоҷикон Иди милии “Сайри лола”-ро дар шаҳри Красноярск ва умуман миқёси Русия ҷашн гирифт. Ин ид ҳамасола моҳи май бо иштироки тамоми тоҷикони шаҳри Красноярск ва дигар шаҳрҳои минтақаҳои Сибир, мисли Иркутск, Новосибирск, Якутия, Кемеров баргузор мешавад. Инчунин, даҳҳо миллатҳои ғайр ба Остров Татышева меоянд, то рақсу суруди миллӣ ва гуштингирии паҳлавонони тоҷикро тамошо кунанд. Дар ин рӯз қадрдонӣ аз меҳмонони олиқадр, паҳлавонони номвар ва донишҷӯёни фаъоли тоҷик ба ҳукми анъана даромадааст.

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск


Ҷамъияти тоҷикон бо ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ робитаи хуби ҳамкорӣ дошта, зимни фаъолияти худ хадамоти зиёдеро ба нафъи ҳамватанони бурунмарзӣ анҷом додаст. Ҳамин аст, ки тоҷикони шаҳри Красноярск бо кору зиндагии муътадили худ аз эҳтироми мардуми таҳҷоӣ бархурдоранд. Иштироку ҳунарнамоии ҳамватанони мо дар Рӯзҳои фарҳангии Лаҳистон, 200 солагии шоири номвари укроинӣ - Тарас Шевченко, “Иди харбуза”-и узбекҳо, ҷашни миллии озариҳо ва чандин ҷашнвораҳои қавмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ худ гувоҳ аст, ки ҳамгироии миллатҳо дар минтақаи Сибир тоза ба тарви солим шакл мегирад. Махсусан, пазироии гарм ва эътирофи расму анъанаҳои миллии тоҷикон аз ҷониби марудмони бумӣ ва омад хеле рӯшан эҳсос мешавад.

Дар “Рӯзи байналмилалии забони модарӣ” (Международный день родного языка), бозиҳои байнидонишгоҳиву байниавтономии шаҳр “Брейн-ринг”, Донишҷӯии бидуни марз (Студенчество безграниц) ва КВН донишҷӯёни тоҷик фаъолона иштирок ва аксаран ғолиби ин бозиҳо мешаванд.

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск


Клуби вазишии “Сомон”-ро ҳамватанони мо таъсис доданд. Дар клуб аз рӯи намудҳои муҳорибаи омехта, самбо, ҷудо ва ғайра тамрин дода мешавад. Дар як муддати начандон зиёди фаъолият ин клуб чемпионҳои зиёди наврасро дар сатҳи шаҳр ва минтақа (край) муарифӣ кард. Хушҳолкунанда аст, ки аксари ҷавонони тоҷик дар Русия ба варзиш, махсусан муҳорибаҳои омехта алоқамандӣ доранд. Давлат Олимов яке аз паҳлавонони номдор ва қаҳрамони чандкаратаи Русия дар ин намуди варзиш аст. Ӯ дар сатҳи шаҳр ва кишвар борҳо барандаи мусобиқаҳо шудааст. Мардуми таҳҷоӣ аз ҳунари боло, маҳорат ва хислатҳои ҳамидаи ин паҳлавони тоҷик ҳамеша таъриф мекунанд.

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск


“Восточная кухня”. Фаҳмидани он, ки ин ошхона аз Тоҷикон аст, чандон мушкил нест. Дар пештоқи ошхона баннери калоне бо навиштаҷоти “хӯрокҳои шарқӣ” ва як расми зебодухтари атласпӯш меҳмононро тоҷикона пешвоз мегирад. Ин ягона ошхона дар шаҳри Красноярск аст, ки қурутоб дорад ва ҳаммеҳанонро сари як пиёла чойи тоҷикӣ гоҳу ногоҳ ҷамъ меоварад. Дар ин ҷо ҷавонони мо аз дастоварду муваффақиятҳои якдигар огоҳ мешаванд. Барои баланд бардоштани номи тоҷику Тоҷикистон идеяҳои созандаро ба миён мегузоранд. Вохӯриҳои ояндаро барномарезӣ мекунанд ё рӯзи бозии футболу пейнтболро муайян месозанд. Ин ҷо як гӯшаи хурдакаки Ватан аст.

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск


Дар ин ҳама табодули фарҳангӣ, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ҳамватанони мо ҳамчун ҳомиёну фарҳангу таърих ва посдорони нангу номуси тоҷикӣ рисолати худро бо амри виҷдон ва дар сатҳи зарурӣ анҷом медиҳанд. Тоҷикони шаҳри Красноярск ҳамеша бо ёди Тоҷикистони азизанд. Борҳо аз забонашон ин мисраъҳоро шунидаам:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст…


АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск


АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

АКС: Сафардидаҳои як журналисти тоҷик аз Красноярск

Мӯҳр
Журналист
Неъматулло чура бехтарин!!! ИН нахустин маълумот оид ба хамватанон ва хаёти онхо хуб ки хондам. Идома дех. Бояд худат сафири Точикистон ё консул боши..

Амирчон
Дар шароити феъли бисёре аз хамватанони мо, махсусан рузноманигорон бо сабабхои гуногун ба Федеретсияи Россия мераванд, аммо мутаассифона дар бораи хаёт ва фаъолияти хамватанонамон дар сомонахои интернети ва дигар ВАО чунин хабархо ба таври бояду шояд ба чоп намерасанд. Неъматулло вокеан хам фикри хуб карданд, ки дар бораи он ёру азизони мо, ки дар як гушаи ин кишвари пахновар зиндаги мекунанд маълумоти муфидро пешниходи хонандагони арчманд намуданд. Бовари дорем, ки ин кори хуб ва кобили тахсин минбаъд хам идома меёбад.

salom ittilooti ki dodi xub budand ammo ba nazarai man az holu ahvoli muhojironi kori xabarhoi ro menavishti va surathoi ham memondi xela xub meshud

Дусти содикам
Маводи хеле хондани ва дидани! Каламат бурро бод ва зодруз муборак, дустам!

донишҷу
Аҳсан бачаҳо, офарин!!!!!

durust navishti, ammo az holu ahvoli muhojironi mehnati chize nanavishtivu az holi onho khabar ham nadori. Agar doned, dar Krasnoyarsk bozori kalone hast bo nomi КрасТЭЦ mashhur ast, ki dar on asosan az tojikiston garmiho savdo mekunand. Onho dar sar toqichahoi bazebaku rishhoi sikhak sikhak dorandu az Khudovu rasul sukhan meguyand, ammo molhoyashonro ba mardumi digari TOJIKISTON zuran mefurushand.
''Agar giri girifti nagiri mo kamandahomon ba tel. mekunam bar holat voy meshavad. Ham pulata megiremu ham zada dabdala mekunem''-guyon pupisa mekunand. Dar bayni digar millatho rosti gap khelo sharmandamun mekunand. Savod umuman nadorand. Az in navis dar dafai oyanda barodari giromi. Az in tarifu tavsif kardahoyat tanho "Сайри гули лола"-ro hamagon medonandu khalos, boqi namedonand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)