Бахшҳо
13 янв 2015 10:21Тоҷикистон / Сиёсат

Ирсоли парвандаи Бобак Занҷонӣ ба додгоҳ

Маҷлиси Эрон аз ирсоли парвандаи Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшуда дар Теҳрон ба додгоҳ хабар додааст.

Довуд Муҳаммадӣ, узви Кумитаи Маҷлиси Эрон оид ба таҳқиқ ва тафтиши парвандаи Занҷонӣ ба хабарнигорони кишвараш гуфтааст, баррасии парвандаи Занҷонӣ дар Маҷлис поён ёфта, ҳоло дар ихтиёри мақомоти додгоҳӣ қарор дорад: “Парвандаи Бобак Занҷонӣ аз ихтиёри Маҷлис берун шудааст ва мо низ ба таври комил ба он расидагӣ кардем ва Кумитаи махсуси пайгирии парвандаи ин тоҷир гузориши ниҳоии худро ба мақомоти додгоҳии Эрон фиристод.”

Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад.

Миллиардери эронӣ он замон гуфт, ин миқдор маблағро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда буданд ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон низ интиқоли 2 миллиарду 60 миллион евро пули нафти Эрон аз Душанбе ба Теҳронро дурӯғ хонда, гуфт, санаде, ки дар мавриди интиқоли маблағ аз ҷониби Бобак Занҷонӣ ба Эрон пешниҳод шудааст, дастрас намудаанд ва ин санад қалбакист. Аммо Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Бобак Занҷонӣ ҳафтаи пеш ин баҳсро дубора зинда карда, дар суҳбат бо хабаргузории “НомаНюз” гуфт, барои гирифтани санади қалбакӣ ба масъули воломақоми Бонки миллии Тоҷикистон се миллион доллар ришва додаст ва ба гуфтаи ӯ, Занҷонӣ ин маблағро ба ноиби раиси Бонки миллии Тоҷикистон дода, аммо мушаххасан аз порагир ном набурд ва Бонки миллии Тоҷикистон низ дубора бо пахши як изҳорот ин иддаи мақомоти тафтишотии Эронро беасос хонданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)