Боздошти як зани 28-сола бо гумони куштани навзод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 28-сола хабар медиҳад, ки дар куштори тифли навзоди худ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВУД, Салимова Т, сокини ноҳияи Ҳисор рӯзи 8 январи соли равон дар манзили истиқоматияш тифли навзодашро “дар оби ташноби ҳоҷатхона (унитаз) ба ҳалокат расонидааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби модар тифли навзод ба қатл расонида мешавад. Мақомоти умури дохилии кишвар қаблан низ борҳо аз куштори фарзанди худ бо дастони модар хабар додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |