“Charlie Hebdo” боз карикатураи пайғамбари Исломро нашр мекунад
Маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, ки дафтари кории он дар шаҳри Порис мавриди ҳамлаи силоҳбадастон қарор гирифт, аз нашри дубораи аксҳои Муҳаммад (с), паёмбари беш аз 1,5 миллиард пайравони дини мубини Ислом дар шумораи навбатияш хабар додааст.
Тавре расонаҳои хабарӣ аз қавли масъулини ин маҷалла иттилоъ додаанд, нахустин шумораи “Charlie Hebdo” баъд аз ҳамла, фардо, 14 январи соли равон ба фурӯш хоҳад баромад. Дар шумораи нави ин маҷалла гӯиё акси Муҳаммад (с), ки дар даст шиори “Ман Шарлиям ва ҳама бахшида шуд!” (Je suis Charlie, Tout est pardonne) ба табъ мерасад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини ин маҷаллаи фаронсавӣ гуфта буданд, шумораи нави “Charlie Hebdo” ба ҷои 60 ҳазори маъмулӣ, бо теъдоди беш аз се миллион нусха ба табъ расида, дар он кариктураҳом паёмбари мусулмонон ва баъзе аз ҳазлу шухиҳои динию сиёсӣ нашр мешавад.
Дафтари кории маҷаллаи фаронсавии “Charlie Hebdo”, ки ҳанӯз 4 соли қабл, моҳи ноябри соли 2011 карикатураҳои Муҳаммад (с)-ро нашр карда буд, зуҳри 7 январ мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд ва аксари расонаҳои ғарбӣ ҳоло далели эҳтимолии ин ҳамлаи хунинро нашри 4 сол қабли ин карикатураҳо эълон доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |