АКСУ ВИДЕО: Барфрезӣ ва мушкили ҳаракат дар ағбаи Шаҳристон

Барфрезии шаби 11 ба 12-уми январ дар ағбаи Шаҳристон ҳаракати нақлиётро дар ин қитъаи роҳ душвор кардааст.
Инъомҷон, ронандаи як сабукрав, ки мусофиронро аз самти Хуҷанд ба Душанбе меовард, ба “Озодагон” гуфт, “то имрӯз, ки барф нарехта буд, ҳаракат нисбатан хуб буд. Аз сабаби набудани девораҳои муҳофизатӣ дар бисёр қисматҳои роҳ, тангии роҳҳо ва туман ҳаракат хеле хавфнок шудааст”.
Ағбаи Шаҳристон,ки дар баландии 3378 метр қарор дошта, шимоли Тоҷикистонро бо пойтахт мепайвандад, яке аз роҳҳои стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Тақрибан 90 дарсади борҳои гуногуни мавриди ниёзи мардум тавассути нақлиёти автомобилӣ бо воситаи ин ағба мегузарад. Вақте мо ҳам аз Хуҷанд ба Душанбе меомадем, шоҳиди тамбаи зиёди мошинҳои боркашу сабукрав гаштем. Як ронанда, ки худро Зариф муаррифӣ кард, мегӯяд, “вазъияти хафвнокро ронандаҳои мошинҳои “Дулан” ва ронандаҳои “чапдаст”, ки шояд умуман аз қоидаҳои ҳаракати роҳ хабар надоранд, бештар эҷод мекунанд. Барои ҳамин ҳар сол миқдори зиёди ронандаҳову мусофирон дар ин роҳҳо қурбон мешаванд”.
Баъди чанд соат нақлиёти мо ба нақби Анзоб, ки бо номи “Истиқлол” маъруф аст, расид. Ин нақб дар 80 километрии шарқи Душанбе воқеъ буда, тақрибан 5 километр дарозӣ дорад. Ронандае, ки мо мусофираш будем, гуфт, “хуб аст, ки ҳоло зимистон аст. Дар тобистон аз обҳои зиёди аз зери замин фаввора мезада, ҳаракати мошинҳо тамоман суст мешавад. Имсол каме роҳҳои нақбро таъмир карданд, аммо мушкил ҳанӯз боқӣ аст”.
Дар муқоиса бо ағбаи Шаҳристон, ки он ҷо коргарони роҳ бо мошин ба замин хоку намак пошида, барои беҳтар шудани ҳаракати мошинҳо мусоидат мекарданд, дар ағбаи Анзоб ин вазъиятро мушоҳида накардем. На коргарони роҳро дидан мумкин буда, на тракторе, ки барфҳоро тоза мекунад.
Мо танҳо баъди нуҳ соат тавонистем аз Хуҷанд ба Душанбе бирасем.
Атохон ҒАНИЕВ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |