Бахшҳо

Таҳқири Муҳаммад (с) бадтар аз амали террористӣ аст

Далер ШАРИФОВ

Ҳаркӣ аз гуфтани сухани ҳақ дар мавриде, ки бояд бигӯяд, хомӯш меистад, шайтони гунг ва безабон аст (Абуалии Даққоқ)


Ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” дар Париж, ки 12 кушта барҷой гузошт, амали ғайриинсонӣ ва маҳкумшаванда аст. Чунин амалҳои дур аз инсониву эмонӣ ва динӣ қариб ҳамарӯза дар кишварҳои мусалмонишини Фаластин, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Покистон, Сомалӣ, Нигерия рух медиҳад, вале мутаассифона, бархӯрд ва муносибат бо ин амалҳо яксон нест.

Маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” тақрибан 2 солу 4 моҳ пеш бо нашри корикатураи Пайёмбари бузурги Ислом Муҳаммад (с), даст ба нангинтарин амал зад. Ин амали маҷаллаи мазкур як навъ дастдарозӣ ба номуси ду миллиард мусалмон дар тамоми ҷаҳон буд. Мутаассифона, он замон аксар ҳукуматҳое, ки ҳоло амали террористии ахирро маҳкум мекунанд, муҳри хомӯшӣ бар лаб заданд, гуиё чизе рух надода буд.

Он вақт бо ном “мулло”-ву “муфтӣ”-ҳо аз минбарҳошон амали ноҷавонмардона ва ғайриинсонии маҷаллаи “Шарлӣ Эбод”-ро маҳкум накарданд ва ҳарфе ҳам дар ин бора ба забон наёварданд. Роҳбарони давлатҳое, ки худро мусалмон мешуморанд, нота нафиристоданд. Нагуфтанд, муҳтарам журналистон, ин кори шумо амали зишт, палид ва дур аз одобу ахлоқи инсонист. Шумо ба пайёмбаре, ки рукни асосии эмон, эътиқод ва муқаддасоти ду миллиард мусалмони сайёра аст, тавҳин кардед. Ин кори зишт аст ва бояд узр бипурсед. Аммо... Ҳеч чиз нагуфтанд.

Оё тавҳини Муҳаммад (с) амали родикалӣ нест? Оё таҳқири Муҳаммад (с) амали террористӣ нест? Оё корикатура кардани Муҳаммад (с) фитнаи бузург нест? Имрӯз дар ҳама кишварҳои олам таҳқир ба як инсон, чӣ зинда бошад ва чӣ фавткарда, ҷиноят ҳисоб мешавад. Аммо тавҳину таҳқири беҳтарин инсони рӯи замин - пайёмбари Худо Муҳаммад (с) магар амали зишту ҷиноят нест?

Мавзӯъҳои марбута дар шабакаҳои давлатии телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври якҷониба инъикос шуда, сабабҳои ин ҳодиса ба мардум фаҳмонида намешавад. Бештари динситезон ва Худобехабарон аз ин фурсат истифода карда, ангушти туҳмату таҳқиро сӯи мусалмонҳо равона мекунанд, ки бубинед, мусалмонҳо бо чӣ корҳо банд ҳастанд ва чи гуна амалҳои зиштро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки он чи дар Фаронса ба вуқуъ омад, ба андешаи коршиносон саҳнасозии пурқурбоние ба хотири сиёҳ кардани Ислому мусалмонҳосту бас.

Банда ба ҳеч ваҷҳ аз ин амал хушҳол нестам ва онро маҳкум мекунам, аммо чаро ҳеч кас сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаро шарҳ намедиҳад? Чаро ба мардум решаи ин кор фаҳмонда намешавад? Ё танҳо диндорон ифротгароянд? Ҳамеша дар тули таърих ифротгароҳо ва тундравиҳои дунявӣ ва ғайримазҳабӣ ифротиҳои диниро ба вуҷуд овардааст. Сабаби ҳамин воқеа низ ифротгароҳои бо ном “дунявӣ” буданд.

Ҳазорон кӯдаки фаластинӣ қурбони режими сайҳунистӣ шуд, баъзе давлатдорон, ки худро мусалмон мегӯянд, чизе нагуфтанд. Муфтии Тоҷикистони бо вуҷуди дархостҳо ва навиштани мактуб аз ҷониби як гуруҳ ҷавонон дар ҳаққи фаластиниҳо дуо накард. Вале ҳодисаи Фаронса 24 соат дар таблиғи расонаҳост.

Вақте аз принсипҳои дунявият, ҳамзистӣ ва ваҳдати саросарӣ дар дунё ҳарф мезанем, муносибатамон ҳам бояд бо ин шиорҳо мувофиқ бошад. Барои мо фаронсавиҳо, ироқиҳо, суриягиҳо, амрикоиҳо, русҳову мардумони дигар дар навбати аввал инсон ҳастанд ва ҳеч гуна амали ғайриинсониро алайҳи онҳо, қабул надорему маҳкум мекунем. Онҳо низ дар қиболи мо бояд чунин кунанд ва ба эътиқоду муқаддасоти мо аҷр бигзоранд ё аққалан кордор нашаванд!

Одат шудааст, ки ҳамеша динхоҳонро ба тундгароӣ ва радикалӣ нисбат медиҳанд, вале инсоф бояд кард ва тамоми анвои таасуб ва тундгароӣ, аз ҷумла тундгарои сиёсӣ- давлатиро низ бояд маҳкум кард. Аз тарафи дигар, бояд ёдовар шуд, ки дар бисёр мавридҳо мавқеи радикалии сиёсӣ-давлатӣ дар муқобили дин боиси аксуламал, тундагароии динӣ мегардад. Мутаъсифона бисёриҳо ҳангоми баррасии масъалаи радикализм сабабу иллати онро нодида мегиранд.

Паҳни дубораи корикатураҳои Муҳаммад (с) бисёр кори зишт ва як амали ифротгароёнаи дунявӣ буд. Вақте дар Париж, пойтахти кишваре, ки бо ҳампаймонии кишварҳои ғарбиву Амрико 13 сол дар хоки Афғонистон барои нест кардани терроризм мубориза бурд, амали террористӣ анҷом мешавад, бояд аз худи Фаронса пурсид, ки дар ин 13 сол чи кор карданд? Ё онҳо (террористон)-ро аз лонаҳояшон ба маркази кишварҳояшон бурданд?

Ба таҳқири Муҳаммад (с) ва мусалмонҳо хотима диҳед. Онҳо ҳеч мушкилие бо шумо ва олам надоранд. Аз онҳое, ки ба инъикос ва навиштани ин мавзӯъҳо даст мезананд, ҳамчун як мусалмон хоҳиш мекунам, ҳадду марзро бишиносанд. Агар дунболи сиёсатҳои Ғарб ҳастед, бидуни таҳқири Муҳаммад (с) ва пайравонаш ин корро анҷом бидиҳед.

Ба ҳеч далел душманӣ бо Ислому мусалмонҳо боиси пешрафт намешавад. Танҳо ҳамзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқи ҳамдигар сабаби пешрафт мегардад. Пас, оё фурсате нарасида, ки ба ин арзишҳо авлавият дода шавад?

Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
МУХОЧИР АЗ ХИЧРАТ
Мы приветствуем единодушное осуждение террора лидерами мировых держав в Париже. Но какой именно терроризм они осудили? Терроризм во всем мире или в отдельно взятой Франции?
Почему президенты, короли, премьеры ни разу не возглавили марши протеста в связи с гибелью сотен тысяч афганцев, сирийцев, египтян, ливийцев, йеменцев, иракцев?

Почему они молчали, когда в Грозном взорвали Дом правительства, когда взорвали трибуны стадиона и погибли всенародно избранный президент Ахмат-Хаджи Кадыров и его соратники, когда захватили школу в Беслане и заложников на Дубровке, когда в декабре захватили Дом печати и школу в Грозном, в результате чего погибли и пострадали более пятидесяти человек?

Нельзя обезопасить Париж, Лондон, Мадрид и другие столицы, если всем миром не осудить тех, кто растит и под видом поддержки оппозиций снабжает оружием и деньгами террористов в целом ряде стран. Я являюсь самым убежденным врагом террористов в мире! Борьба с терроризмом - цель моей жизни! Но мне не нравится, когда имитируют борьбу с терроризмом. Я однозначно осуждаю убийство безоружных людей в Париже. Однако, у меня нет уверенности в том, что к этим событиям не имеют отношение какие-то влиятельные силы.

Не является ли это спланированной кем-то акцией для разжигания антиисламских настроений или попыткой отвлечь внимание от какой-то другой назревающей глобальной проблемы?

Мы нередко прощали даже тех, кто виновен в гибели родных и близких людей. Но никому не позволим оскорблять Пророка (с.а.в.), если даже это нам будет стоить жизни. Мусульмане не пишут портреты Пророка (с.а.в.), не показывают Его в фильмах.

И еще, если мы до сих пор молчим, это не значит, что не сможем поднять во всём мире миллионы людей на марши протеста против тех, кто потворствует оскорблению религиозных чувств мусульман.

Вы этого хотите?

В России ранее была попытка публиковать каррикатуры на Пророка (с.а.в.), но издание извинилось

Ахсан бародари азиз Далер!!! Онхое, ки тахкири Ислому пайгамбар (с)-ашро мекунанд намедонанд, ки: Окибат Ислом оламро мусаххар мекунад, Рафта-рафта осмон пешони мемонад ба хок.

кадршинос
Оффарин боракалло! бехтарин эхтироз! бача гох-гох маколахои бемаъни менависи неки хаминаш маълум кард, ки журналист ва сиёсатмадори оли хасти....боз як бори дигар оффарин бо ман хамфикр будаи....рахмат!

рахмат Далерчон, ки ин мавзуро бардоштед.ман бо Шумо саддарсад розиям, ки чаро мукаддасоти дини исломро ин французхо тахкир мекунанд. франция ин ватани Кончита вурст ва гей+лесбиянки.

ҳамфикр
Мошоаллоҳ бародар худованд нигаҳбонат. Ин таҳлили воқеъист. Худованд сафи ҳагуйёнро зиёд бигардон....

СПАСИБО ЗА МАТЕРИАЛ, МОЛОДЕЦ!

Андеша
Дуруст гуфти, Далерчон, хакикат хамин тавре, хаст, ки баён карди, дар мачмуъ хамаи навиштахоят олист! Худованд хифзат кунад.

аҳмадчон
далершо бисер хуб навишти худовандо шуморо нигоҳбон бошад

АбдуРахмон
Бародар Далер!-Он мавзуеро баён карди,ки дардеро дар дили ман ва мумкин садхо мисли ман фишор медод! Дархакикат куштори мардум бо он тарзе,ки дар Фаронса руй дод-лоики махкум кардан аст!-Хоссатан Мусалмон бояд бо сухани Хак ва рафтори Нек мардумро даъват кунад!-Дар гузашта гайри мусалмон рафтори Мусалмони Точиру Коргарро дида ба Ислом мухаббат пайдо мекард.Аммо аз рафтори кунунии баъзе бо ном мусалмонхо-на танхо гайри мусалмон дар харос монда-балки худи Мусалмонхо низ дар мушкили афтодаанду-Ин мушкилихоро дар дин мебинанд!-Валокин дар хакикат Душманони Ислом ва баъзе бо ном мусалмонхо ба ин Ходисахо МУСООДАТ мекунанд!-ва гунахкори асоси низ онхоеанд, ки бо СУХАН ва КАЛАМ зидди ИСЛОМ шиор мепартоянд! Ва сабаби дигари ин ходисахои КАБЕХ-ин беСаводии худи мо мусалмонхо-ва бетафовутии РОХБАРОНИ бо ном Мусалмон аст!!!-Имруз вакте расидааст,ки ба хамагон (мусалмонхо)-ИСЛОМи ПОК-омузонида шавад!!!-Он вакт хар шахс худро дар АМН-ОСУДАГИ хис мекунад!-Пас айб на дар Дин-балки дар фахм ва бардошти нодуруст аз Дини Ислом аст!-Агар чавон тарбияи дурусти НАБАВИ нагирифт-хоху нохох бо рохчахои "Шайтон"-и меафтад!-Начоти инсон дар асли ПАЙРАВИИ ДИНИ ИСЛОМ АСТ!!!

Аз хама таасуфовараш мавкеьи рохбарони давлатхои мусалмон мебошад.ки марги хазорхо кудаки фаластиниро намебинанд.вале марги чор-панч фаронсавии хамчинсгарро амали мудхиш мешуморанд.

Далерҷон мyллоҳо лоилоҳа илаллоҳ гуфта нон бо гyфтани он нон мехyранд раҳбарони давлатҳои мусалмони бошанд дастнигар ва интисобшyдаи давлатҳои ғарби ҳастан лиҳозо ҳақро намегуянд. Аҳсан бародар Хyдо шyмо ва шyмобаринҳоро Аллоҳ дар паноҳy исматаш нигаҳбон бошад чyн агар сyхани ҳақи шyмо набошад ин дyнё ба макони зyлмy ситам ва ҳараҷy мараҷ табдил мегардад ва як гуруҳи қудратхоҳ ва золим ҳамин ҳараҷy мараҷ ва нооромии ҷаҳонро хоҳон ҳастанд то ба ин тариқ моли дунёро ба осони ҷамовари кyнанд. Офарин

AMBASSADOR
АЛХАМДУЛИЛЛОХ.ОФАРИН БА ИН ИНСОНИ БОТАКВО ОФАРИН!!!

Далерчон миллионхобор рахмат бар Падару Модаре , ки туро ба воя расонданд ман бо ту хам фикрам ва он масъулини ба ном мусулмоне ки хастанду мегуянд ки хуни нохак буд вайхо номаъкул карданд хазорхобор .

mard
Javononi umat zindaand. Inshoalloh mieni javononi tojik andeshahoi bedori ast.

Cаид
Рахмат додари азиз Чи хуб гуфти.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)