Бахшҳо
12 янв 2015 12:13Тоҷикистон / Сиёсат

Суханҳои охирини Қудратов: Аз монтажу сабтҳои ғайриқонунӣ то мусодираи амвол

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси муттаҳам дар қаллобию порадиҳӣ имрӯз, 12 январ зимни ироаи сухани ниҳоияш дар Додгоҳи Душанбе хост, тафтишоти судии парвандааш аз сар гирифта шавад, чун ҷузъиёти он дар рафти мурофиа пурра омӯхта нашудаанд.

Раисикунандаи мурофиа посух дод, ки ин дархостро дар хонаи машваратӣ меомӯзад. Дар идома Қудратов иттиҳоми порадиҳиро алайҳи худ беасос хонда, изҳор дошт, ки боре ҳам аз пора суҳбат накардааст. Ӯ аз додрас хост 6 сабти суҳбатҳояшро, ки дар парванда ҷой доранд, омӯхта бинад, ки дар ягон ҷо ӯ дар бораи пул суҳбат накардааст ва мафҳуми пораро низ кор набурдааст: “Инчунин омӯхта шавад, ки дар сабтҳо суханҳои маро бурида мантаж кардаанд. Ба он низ таваҷҷуҳ шавад, ки сабти суҳбатҳои ман ғайриқонунӣ сурат гирифтааст, чун санади судӣ барои ин кор вуҷуд надорад.”

Қудратов изҳор дошт, худи Шерзод Низамов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ иқрор кардааст, ки ба ӯ пора пешниҳод накард, танҳо изҳор доштаам, хизмат мекунам: “Дар баёноти Низамов низ мухолифат дида мешавад. Дар як ҷо гуфтааст, ки намедонад, зери мафҳуми хизмат ман чиро дар назар доштам, дар як ҷои дигар ба ин суол посух додааст, ки пайхас бурдааст, ки ба ӯ пул доданӣ будаам.”

Ӯ инчунин аз айбдоркунандаи давлатӣ эърод гирифтааст, ки нишондодҳои раиси ширкати “Пайванд”-ро ба назар нагирифтааст, ки баёноти Қудратовро тасдиқ мекунанд. Инчунин аз он изҳори норозигӣ кард, ки мусодираи молу амволаш талаб карда шудааст: “Ақаллан исбот кунанд, ки телефони ман, ки ба сифати далели шайъӣ гирифта шудааст ва ё мошинам, ки дар ҳабс қарор дорад, бо роҳи ҷиноӣ ба даст омадаанд.”

Қудратов аз додгоҳ хост, парванда алайҳи ӯро аз рӯи моддаи порадиҳӣ қатъ кунад, чун дар аъмолаш таркиби ҷиноят дида намешавад.

Дар мавриди даъвои Турабек Охунов, ки Қудратовро барои аз худ кардани 7 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мекард, айбдоршаванда илова намуд, гарчанде аз Охунов маошашро гирифтааст, хешутабораш то ҳол маблағи мавриди даъвои Охуновро пардохт кардаанд. Ӯ аз додрас хост, ба ин масъала низ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Дар пайи шунидани сухани ниҳоӣ додраси парванда изҳор дошт, қарорашро фардо, 13 январ эълон хоҳад кард ва ба хонаи машваратӣ рафт.
Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, Қудратовро ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум созад ва бо назардошти қонуни афв аз се як ҳиссаи ин муҳлатро кам кунад. Аммо Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов дар Додгоҳи Душанбе ҳар ду парвандаи ҷиноиро алайҳи зерҳимояаш сохта ва фармоишӣ хонда, аз додрас озодияшро талаб кард.

Қудратов аз рӯи моддаи 320 дар он айбдор мешавад, ки барои сафед кардани зерҳимояаш - Амиралӣ Суламаев аз ӯ гӯиё 2 ҳазор доллар талаб карда, гуфтааст, ин маблағро ба судя медиҳад. Амиралӣ Суламаев як ҳамҷавобгар будааст, ки ҳамроҳ бо Парвиз Бадалов дар расондани зарари молӣ ба ширкати “Пайванд” айбдор мешудаанд. Аммо Қудратов иддао дорад, ин маблағҳо барои пардохти ҷуброн ба ҷабрдида - раиси ширкати “Пайванд” пешбинӣ шуда буданд.

Инчунин Қудратов аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" - Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”

Дар мурофиаи рӯзи 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”
Мӯҳр
судя
сад фоиз суд меши доду вой накун. ин суди Точикистонай

Каша
Баъзе Адвокатхоро намефахми, ки вазифаашон миёнравиу брокери ё хизмати хукуки расонидан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)