Ҷавони 23-солаи тоҷик дар куштори таксистҳо дар “Соли Нав” муттаҳам мешавад
Кумитаи тафтишотии Русия бо нашри як иттилоияи расмӣ аз боздошти ду нафар хабар дод, ки дар куштори ду ронандаи таксӣ дар рӯзҳои таҷлили Соли нави мелодӣ муттаҳам мешаванд. Манбаъ мегӯяд, боздоштшудагон шаби 3 ба 4-уми январ дар деҳаи Кузнетсова, ки дар минтақаи Маскави Нав ҷойгир аст, ба ҳайси мусофир ба таксӣ савор шуда, бо мақсади гирифтани мошин ба сари ронанда бо таппончаи пневматикӣ тир холӣ кардаанд ва бо мошини ӯ аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Кумитаи тафтишотӣ дар сомонаи расмияш мегӯяд, боздоштшудагон инчунин дар як ҷинояти дигари ба ин монанд иқрор шудаанд, ки шаби 30-юми декабри соли гузашта содир намудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия ҷабрдидаи куштори қаблӣ низ ронандаи таксӣ будааст, ки боздоштшудагон ба ҳайси мусофир дар маҳаллаи Первомайски Маскави Нав ба ҳайси мусофир ба мошинаш савор шуданд: “Дар пайи куштор ҷасади ронандаи таксиро дафн карда, мошинашро бо худ бурдаанд. Ҷасади кушташудагон ва мошинҳои дуздидашуда дарёфт шудаанд.”
Мақомот шахсияти боздоштшудагонро ифшо накардаанд ва танҳо изҳор доштаанд, ки муттаҳамон – шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ва шаҳрванди 29-солаи Узбакистон мебошанд. Ба иттилои манбаъ феълан алайҳи боздотшудагон аз рӯи иттиҳоми куштори ду ва зиёда нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |