Талоши ҷалби занони тоҷик барои кор дар беморхонаҳои Афғонистон
Як муассисаи хусусӣ дар Афғонистон талош дорад, табибони амрози занонаро аз Тоҷикистон барои кор дар беморхонаҳои он кишвар ҷалб кунад.
Масъулини ин муассиса гуфтаанд, ҳоло ҳайатеро ба Тоҷикистон фиристодаанд, то ҳадди ақал 8 табиби зани тоҷикро бар асоси шартнома барои кор ба вилояти Ғури Афғонистон биёранд. Эҳсонуллоҳ Шинварӣ, масъули маркази омӯзиш ва рушди Афғонистон дар суҳбат бо Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ҳоло Вазорати беҳдошти ин кишвар бо мақомоти тоҷик ҳамоҳангӣ доранд ва истихдоми табибон аз Тоҷикистон мароҳили қонунии худро тай мекунад.
Ба гуфтаи Шинварӣ, ҳоло дар вилояти Ғури Афғонистон танҳо як табиби амрози занона вуҷуд дорад ва аксар вақт сокинони ин минтақаи Афғонистон маҷбур мешаванд, беморони худро ба беморхонаҳои манотиқи дигар интиқол диҳанд. Мушкилоти ҳамлу нақл ва набуди роҳҳои ободу мумфарши мошингард интиқоли беморонро низ ба вилотяҳои ҳамсоя аз Ғур мушкил карда, табибони афғон низ ба далели таъмин набудани амният аз омадан ба ин минтақа худдорӣ мекунанд.
Ба табибони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир кардани кишварҳои хориҷ чизи наве нест. Мушкилоти иқтисодӣ ва молӣ табибони тоҷикро водор мекунад, бо вуҷуди таъмин набудани амният барои кор ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабӣ бираванд. Дар миёни мардон занони табиб ҳам кам нестанд. Ахиран, Гулрухсор Рофиева, як табиби тоҷик, дар беморхонаи вилояти Маъриби Яман ба сифати ҳамшираи шафқат кор мекард, 29 октябри соли 2014 аз тарафи гуруҳи мусаллаҳе рабуда шуд. Рофиеваи 36-сола дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия ба Яман рафта буд. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навиштанд, Гулрухсор Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистон ва рабояндагонрро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад. Вале то ҳол маълум нест, тадири ин зани тоҷики берун аз Ватан чӣ хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |