Нахустин ҷаласаи Бердимуҳаммадов бо тағйироти кадрӣ ва ҳушдор дар соли 2015
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дар ҷаласаи нахустини худ дар соли 2015 раиси Бонки марказӣ ва раҳбари Корхонаи давлатии гази ин кишварро барканор карда, ба аъзои дигари ҳукуматаш ҳушдор додааст.
Ба иттилои хабаргузории “Turkmenistan.ru”, Гочмурод Муродов бо дастури Бердимуҳаммадов ба хотири гузаштан ба кори дигар аз вазифаи раисии Бонки марказии Туркманистон барканор шуда, ба ҷои ӯ Мердан Аннадурдиев таъйин шудааст, ки то ҳол муовинии раиси Бонки марказии ин кишварро бардӯш дошт.
Инчунин раисҷумҳури Туркманистон Чоримуҳаммад Ҳоммадов, раҳбари Корхонаи давлатии гази кишварашро аз симмат барканор карда, ба ҷои ӯ Аширгулӣ Беглиевро таъйин кардааст.
Дар идома Бердимуҳаммадов ба як қатор аз раҳбарони вазорату идораҳи Туркманистон, аз ҷумла муовини раисҷумҳур оид ба масоили иқтисодӣ ва молӣ, вазири иқтисод ва рушд, вазири меҳнат, вазири таъмини иҷтимоӣ ва вазири молия ҳушдор дода, гуфтааст, агар дар наздиктарин фурсат камбудҳои ҷойдоштаро бартараф накунанд, аз симматҳои худ ба истеъфо фиристода мешаванд.
Раисҷумҳури Туркманистон низ ба Додситонии кулли кишвараш дастур додааст, то фаъолияти раҳбарони вазорату идораҳои ин кишварро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |