Раиси Суди Олӣ дар бораи Ёқуб Салим, “Гуруҳи 24” ва хатоии судяҳо
Нусратулло Абдулло, раиси Суди Олии Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилӣ ва сардори гумруки кишвар барои бозбинии ҳукмаш дархостеро дарёфт накардаанд.
Раиси Суди Олӣ гуфт, дар сурати дархост ҳатман онро баррасӣ мекарданд ва дар мавриди афви Ёқуб Салим илова намуд, ки ин масъала дар салоҳияти Комиссияи махсус оид ба афв аст, ки кормандони ниҳодҳои дигар, аз ҷумла додситониро дар бар мегирад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ёқуб Салимов, ки беш аз 11 сол боз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, бо далели адои аз чор се ҳиссаи ҳукми додгоҳ ва бад будани вазъи саломатияш аз Додгоҳи олӣ дархост кардааст, ки ӯро шартан пеш аз муҳлат озод намоянд. Гарчанде мақомоти адлия мавҷудияти ин дархостро тасдиқ карданд, Суди Олӣ мегӯяд, онро дарёфт накардааст.
Нусратулло Абдулло дар мавриди аъзои “Гуруҳи 24” илова намуд, ки то ҳол ягон парванда алайҳи узви ин гуруҳи мамнуъ ба Суди Олӣ ворид нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран хабар дода шуд, ки Додгоҳи Олӣ ба баррасии парвандаи Умедҷон Салиҳов, сокини ноҳияи Ваҳдат оғоз кардааст, ки дар узвияти “Гуруҳи 24” муттаҳам мешавад. Салиҳов дар он муттаҳам мешавад, ки дар ҳамоиши аъзои “Гуруҳи 24” дар Русия иштирок намудааст. Аммо ҳимоятгари Салиҳов иддао дорад, ки зерҳимояаш узви "Гурӯҳи 24" нест ва ба ҳайси корманди ФСБ ё худ Хадамоти федералии амнияти Русия барои назорат дар ин ҳамоиш иштирок кардааст.
Раиси Суди Олӣ инчунин ба сифати кори судяҳои тоҷик низ дахл карда, эътироф намуд, ки баъзан дар баррасӣ ва хулосабарориҳо хато мекунанд. Ба иттилои ӯ дар соли гузашта аз болои қарорҳои судҳои зинаҳои поёнӣ нисбати 6 ҳазору 714 парванда шикоят ворид шудааст, ки ин 5 дарсади маҷмуи умумии парвандаҳои баррасишударо ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, аз ин теъдод қарори судяҳо дар 414 ҳолат бекор шудааст. Раиси Суди Олӣ афзуд, барои бартараф намудани камбудии додгоҳҳои Тоҷикистон чораандешӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |