Бахшҳо

Ҷуръати Аброр Зоҳир ва "эрод"-и Абдунабӣ Сатторзода

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Аброр Зоҳир, нависандаи тоҷик мегӯяд, майдони адабиёт фарох аст ва ҳатто дар даврони Шӯравӣ ҳам адибон фаротар аз қолабҳои ҷойдошта асар эҷод мекарданд.

Аброри Зоҳир, ки дар маҳфили “Гуфтугуи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов суҳбат мекард, гуфт, дар замони Шӯравӣ имконияти нависандагон барои эҷоди озодонаи асарҳои адабӣ камтар буд ва ҳоло, ки даврони истиқлол аст, адибон боҷуръатона асар менависанд.

Абдунабӣ Сатторзода бо нақди романи “Ёри ғор”-и Аброри Зоҳир таъкид кард, насли нави нависандагон камтар муваффақ мешаванд, то дар бараи бузургоне чун Носири Хусрав асари барҷаста ба қалам оранд. Оқои Сатторзода гуфт, дар ин роман, ки ба зиндагиномаи Носири Хусрав бахшида шудааст, камтар ҳақиқати замони шиоир тасвир шудааст ва нависанда натавонистааст фазои сиёсӣ ва фарҳангии он давронро барҷастатар ба тасвир кашад. "Аксари касоне, ки дар бораи гузаштагонамон навиштаанд, мутолиаи кам доранд. Дар ин кор танҳо касоне барор доранд, ки воқеан таҳқиқ ва шинохти дуруст доштанд. Сабаби аслии ба офаридани чеҳраи воқеаии Носири Хусрав, ки дар навиштаҳои илмӣ ва адабии худи ӯ хеле барҷаста бозтоб дорад, камтар муваффақ гардидани Аброри Зоҳир низ ба назарам дар ҳамин бошад. Ҳамаи он чизҳое, ки ӯ дар бораи Носири Хусрав ва аз забони Носири Хусрав гуфтааст, тақрибан дар сатҳи гап мондаанд ва ба дараҷаи тасвири бадеӣ нарасидаанд",-афзуд ӯ.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ин суҳбат гуфт, нависандаҳо ва шоирони муосири тоҷик имрӯз камтар фалсафаи сиёсии замонро дар осорашон ба тасвир кашидаанд. Бо бовари ӯ, дар китобҳои дарсии макотиби миёна низ аз шеъри сиёсӣ чизеро ҷой надодаанд ва адабиёти мактабӣ ҳоло фақат иборат аз панду андарз шудааст. Ба дунболи ин Раҳматулло Зоиров таъкид кард, Аброри Зоҳир то андозае муваффақ шудааст, ки воқеоти замон ва фазои сиёсии замонашро дар асарҳояш ба қалам кашад.
Мӯҳр
Ховар пулотов
Навиштахои Аброр Зохир маро писанд аст.У сермахсул буда.дар вазъе.ки насри навини точик дорад.сарфи назар аз чанд носирони собик номии мо.дар равиши умумии ин чода ангуштнамо ва тавфикефта аст.Хароина асархои уро мо бояд кадр бикунем.Ба андешаи ман Аброр низ накд навишта метавонад.Аммо офаридани асари бадеи-таърихи кори осон нест.Худо ерат!

7
Шурави намемонд ки бинависанд имруз ки майдон холи аст касе нест ки чизи ба чашм расанда нависад, ку нависандаву шоир ки чизе ки ба мардум лозим аст бинависад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)