Баҳои қаноатбахш ба фаъолияти Вазорати хориҷӣ дар соли 2014
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон фаъолияти ниҳоди таҳти раҳбрияш дар давоми соли 2014-ро қаноатбахш арзёбӣ кардааст. Ин нуктаро оқои Аслов рӯзи 9 январ дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати умури хориҷии кишвар, ки бо ҳузури роҳбарони раёсату идораҳои ин ниҳод дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён доштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, дар ин ҷаласа Сироҷиддин Аслов фаъолияти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар соли 2014-ро таҳлил ва ҷамъбаст кардааст: “Фаъолияти вазорат дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҳамзамон, зарурати саъю талош ва таваҷҷуҳи бештар ба масоили алоҳида, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ дар соли равон, таъкид гардид.”
Инчунин вазифаҳо барои соли 2015 ва нақшаи фаъолияти Вазорати умури хориҷии кишвар дар соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст: “Дар ин росто, бахусус, барои дар сатҳи шоиста ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳо вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар соли равон дар СААД, инчунин, Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба арзёбии фарогири дастовардҳо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар моҳи март дар Ню-Йорк ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар моҳи июни 2015 дар шаҳри Душанбе сухан рафт.”
Сироҷиддин Аслови 49-сола аз охирҳои моҳи ноябри соли 2013 ба ин сӯ, раҳбарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро бардӯш дорад. Ӯ дар ин мақом Ҳамрохон Зарифиро иваз кард, ки ҳоло мансаби расмие надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |