Баррасии сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Душанбе
Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Агибай Смагулов, сафири Қазоқистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, Давлатзода дар суҳбат бо Смагулов атрофи масоили мубрами дуҷониба ва минтақавӣ суҳбат карда, тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баҳои баланд додаанд.
Инчунин ба зарурати андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои дар соли 2015 ба нақша гирифташуда, аз ҷумла омодагӣ ба сафари расмии Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон таъкид шудааст. Аммо манбаъ дар бораи санаи дақиқи ин сафари Назарбоев ба Душанбе ҷизе нагуфтааст.
Дафтари матбуоти ВУХ мегӯяд, масоили марбут ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Душанбею Остона оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ низ яке аз мавзуъҳои вохурии муовини вазири умури хориҷии кишвар бо дипломати қазоқ буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |