Суғд: 33 ҳодисаи одамкушӣ дар 12 моҳ
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд мегӯяд, тайи як соли сипаришуда дар шимоли кишвар 33 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2013, 11 адад ё 25 дар сад камтар аст.
Назарзода Шариф Раҳмон, сардори ин раёсат дар 9 январ зимни нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар соли 2014, қувваю воситаҳои мақомот инчунин ҷиҳати ошкор намудани 145 ҷинояти одамкушии солҳои пеш содиршуда сафарбар шуданд.
Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд афзуд, дар як соли ахир дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ 4 ҳазору 488 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2013, 275 адад зиёд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |