Муовини муфтӣ дар бораи бисёрҳизбӣ ва исломӣ будани Тоҷикистон
Домуло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон аз ҷангҷӯёни тоҷик, ки гӯиё барои ҷиҳод дар Ватан аз Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии маъруф ба ДИИШ иҷоза пурсидаанд, хост, аз ин фикри худ баргарданд.
Оқои Сайид Акбар рӯзи 9 январ дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон як кишвари исломӣ асту ниёз ба ҳеч гуна “ҷиҳод” надорад. “Ба он ҷавонони ноширони наворҳо, ки иддао мекунанд дар Тоҷикистон қасди ҷиҳод доранд, аз ин минбари паёмбари Ислом (с) гуфтанӣ ҳастам, ҷавонони азиз, Алҳамдулиллоҳ кишвари азиз ва маҳбуби мо ниёз ба ҷиҳод надорад ва тамоми мардуми мо бар асоси гуфтаҳои Қуръону расули Худо амал мекунанд ва дарҳои масоҷид боз асту мардум намоз мехонанд ва сарвари давлат низ бисёр ниятҳои ободкорӣ дорад”,-изҳор дошт Домуло Сайид Акбар.
Ба гуфтаи муовини раиси Маркази исломӣ, Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 аз исломӣ будани худу сокинонаш ба ҷаҳониён хабар дода буд: “Бузургдошти Имоми Аъзам дар соли 2009 амале буд, ки ба оламиён нишон дод Тоҷикистон исломӣ ва мардумаш муҳаббат ба пешвоёни худу Исломро доранд.” Домулло Сайид Акбар дар идома сабаби нооромии баъзе аз кишварҳо ва авҷ гирифтани задухӯрдҳои мазҳабӣ дар онҳоро бисёрҳизбӣ ва бисёрмазҳабӣ дониста, аз сокинон, аз ҷумла ҷавонон даъват кард, ба сухану ҳарфҳои ноширони “наворҳои ҳархела” гӯш надиҳанд ва дар хидмати падару модари худ бошанд, ки паёмбар ризогии Худовандро дар он хондааст: “Ин ҳама бисёрравиявию бисёрмазҳабӣ ва бисёрҳизбӣ, ки ба миён меояд, барои мову шумо баръало равшан аст, ки болои мардум фитнаҳо эҷод мекунанд ва бо гумроҳ кардани бархе аз нафрон дар мағозаву бозорҳо таркишҳо ба миён меоранд. Барои мову шумо зарур аст, аз ин ҳизбу равияҳо худро канор гирем.”
Дар охир муовини Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хост фарзандони худро тарбия ва таълим диҳанду назорат кунанд, то ба ҳар ҷой нараванд. Ин даъват ва дархости домулло Сайид Акбар дар ҳолест, ки чанде қабл ба Интернет наворе роҳ ёфта, дар бораи дасрхости ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқ аз Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии ДИИШ барои ҷиҳод дар Тоҷикистон қисса мекунад. Дар ин навор як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз худ Абӯ Умариён ном мебарад, мегӯяд, онҳо аз Бағдодӣ дархост кардаанд, барои ҷиҳод дар Тоҷикистон иҷоза диҳад. Вале ба гуфтаи онҳо, дар посух омадааст, ки ҳоло каме сабр кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |