Мавзуна ВАҲҲОБОВА
Волидон мехоҳанд фарзандашонро аз ҳар гуна бадбахтиҳо эмин доранд, вале маҷбурӣ хонадор кардани онҳо боиси шикастабахту шикастаруҳ шудани фарзандон мегардад. Алалхусус, дар замони имрӯза волидайн ҳуқуқҳои фарзандонашонро поймол карда, онҳоро барои даст кашидан аз шахси ба дилаш мувофиқ водор месозанд ва баҳонаи асосӣ ин мувофиқ набудани шароити зисти духтару писар, вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, аз табақаҳои гуногун будани ҷавонон мебошад.
Ҷавонписари сарватмандро барои ошиқ шуданаш ба духтари ба истилоҳ «миёнаҳол» волидайнаш сарзаниш карда, ӯро бо духтари аз табақаи ба худашон мувофиқ хонадор мекунанд. Вале азбаски дили ҷавони ошиқ ба дигаре моил аст, зиндагии навхонадорон ба хубӣ ҷараён намегирад. Оилае вайрон, дили ҷавонзане шикаста, ду авлоде ногап ва руҳафтода мегардад. Ва танҳо баъди оилавайрон шудани писарашон волидон қарор медиҳанд, ки духтараки маъқулкардаи фарзандашонро келин кунанд. Ин қабил воқеаҳоро метавон фаровон мисол овард, зеро дар замони имрӯза ин гуна ҳодисаҳо гӯё ба ҳукми муд даромадааст.
Нобаробарии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ бисёре аз ҷавонони моро ба оилавайронӣ ва ё бисёрникоҳӣ талқин сохтааст. Ҷавонписарон ҳам аз сабаби ноогоҳӣ аз ҳукми шариат бо дилдодагони худ никоҳи мусулмонӣ баста, бо ҳамин худро пойбанди ду оила месозанд ва рӯзе ҳатман яке аз оилаҳоро дар нимараҳ гузошта, боиси вайрон гаштани оила ва зиндаятим мондани фарзандон мешаванд. Нуъмон Қодиров яке аз он нафаронест, ки туъмаи молу сарват шуда, аз дӯстдоштааш даст кашид, вале сипас, баъди 1 сол хатояшро фаҳмида, хост оилаи нав бунёд созад. Азбаски аллакай вобастаи хусури сарватмандаш шуда буд, натавонист ишқи гумкардаашро ба даст орад. Ҳамин минвол умр гузашту рафт, вале пас аз солиён, пас аз соҳиби се фарзанд гаштан, хусураш вафот мекунад ва дигар касе Нeъмонро аз роҳ дошта наметавонад, ҳатто меҳри ҷигаргӯшаҳояшро ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ партофт.
Се фарзанди ба оиладорӣ омода аз ин рафтори падар дар ҳайрат мемонанд ва ба духтари мактабхонаш чунон сахт таъсир мерасонад, ки саломатиашро бой дода, оқибат аз дунё меравад. Нуъмони аз карда пушаймон дигар маҷоли зистан надорад, зеро ишқи аввалааш аллакай соҳиби оилаи обод буду ақли расо. Ва бо ин тафаккураш ӯ албатта аз баҳри шавҳари меҳрубону фарзандони дилбанд намебарояд ва Нeъмонро дигар намепазирад. Ҳамсараш ӯро барои рафтори ноҷавонмардона ва марги гулдухтараш ҳаргиз намебахшад. Нуъмон Қодиров бо ҳасрат ашк мерезад.
-Хатои ман аслан аз они ман набуд, маро волидонам бовар кунонданд, ки бахт дар ишқ нест, ман ҳатман маҳбубаи дилписандамро фаромӯш карда, ба ҳамсарам дил мебандам, гӯё оиладорӣ нисбат ба ишқу ошиқӣ дигаргунатар бошад, - мегӯяд Нуъмон Қодиров, - вале ҳаргиз чунин нашуд, ман натавонистам ба ҳамсарам шавҳари хуб, ба фарзандонам падари меҳрубон ва ба дилдодаам ёри орзуҳояш гардам.
Ин ҷо қаҳрамони дигари маводи мо Муродxон хост, ки ба ҷавонон гӯшрас созад, то хатое, ки аз ӯ гузашту боиси маломаташ гаштааст, бо онҳо рӯй надиҳад. Бо хоҳиши волидайн бо духтари яке аз хешовандонаш ақди никоҳ мебандад. Он вақт ҷавони 18-сола буд. Пас аз чанде, ки соҳиби ҷои кори хубу маоши мувофиқ, мартабаю вазифаи калон шуд, доираи муошираташ ҳам васеъ мегардад ва дар синни 25-солагӣ, ки аллакай соҳиби 3 фарзанд буд, ба духтараке ошиқ мешавад. Ин ишқи аввалини ӯ ҳисоб меёфт, бинобар ин хеле намехост ӯро аз даст диҳад. Бо илоҷе духтаракро розӣ мекунонад, ки ҳамсари дуюми Муродxон шавад. Паси ҳам 2 фарзанд ба дунё омада, зиндагии онҳоро пур мекунанд, вале торафт таъмини ду ҳамсари хонашину панҷ фарзанди ноболиӯ ба ӯ гаронӣ мекунад.
Ба муҳоҷират меравад ва ба фикр ғутавар мешавад, ки аз баҳри ҳамсари қонуниаш ҳеч гоҳ баромада наметавонад, зеро ӯ хеши наздики ӯст ва аз пошхӯрии оилаи онҳо муносибати ду хоҳару додар вайрон мегардад, вале ҷудоӣ аз ҳамсари дуюмаш барояш баробари марг аст.
-Намедонам ба ман чӣ ғолиб омад: ақл, дил ва ё бевиҷдонӣ, ки оқибат ҳамсари аввалаамро ба Русия даъват кардаму бо ҳамин бо ҳамсари дуюмам муносибатамро кандам, - ба умқи хотироташ даромада, ҳарф зад Муродxон, - дар айни мушкилии зиндагӣ ӯро дар нимароҳ мондам, ӯ бо азоб худро ба пой рост кард, ҳисоби зиндагиашро ёфт, зеро аз аввал духтари доно буд. Имрӯз фарзандонаш дар донишгоҳ таҳсил мекунанду яке соҳиби дипломи духтурӣ, дигаре муҳандиси соҳаи меъморӣ ва лоиҳакшӣ мегарданд. Ӯ аз чизе танқисӣ намекашад, вале номардию бевафоии ман тамоми умр аз лавҳи хотираш нахоҳад рафт. Чӣ хеле ки азоби виҷдон маро тайи ҳамин қадар солҳо азият медиҳад. Шояд барвақт хонадорам намекарданд ҳаргиз чунин қисмат насиби ман намешуд, вале аз надонистани ҳуқуқҳои худам ман тақдирамро чунин бохтам, -хулоса мекунад ӯ.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас ҳуқуқи интихоб додааст, то нафаре хатоҳое, ки баробар ба гуноҳанд, содир накунад. Волидайнро низ андеша мебояд, ки ҳаргиз бо баҳонаҳои ночиз ҳуқуқи фарзандонашонро поймол накунанд, ба онҳо номаълум хушунати оилавиро раво набинанд. Нашавад, ки рӯзе фарзандон ин хушунати ба онҳо аз тарафи волидон раводидаро фаҳмида, аз гиребони падару модар дошта, онҳоро ба бадбахтӣ муттаҳам кунанд.