Сайф САФАР
Назари бархе аз ҷавонон, ки қисми аъзами ҷамъияти беш аз 8 миллионии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ба раванди интихобот манфӣ аст. Онҳо мегӯянд, ба шаффофияти интихобот бовар надоранд.
Хурсанд Хуррамов, унвонҷӯйи улуми сиёсии донишгоҳи Дӯстии халқҳои Русия мегӯяд, мардуми он кишваре ба интихобот умед мебандад, ки онҷо волоияти воқеии қонун таъмин аст: “Мутаасифона, дар шароити кишвари мо ин чиз номумкин аст. Таърих нишон дод, интихобот дар кишварҳое, ки ба мардумсолории воқеӣ даст наёфтаанд шабеҳи афсона аст”.
Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ расман сабти ном шудаанд, ки ҳамагӣ иштироки худро дар интихоботи парлумонии моҳи марти имсол эълон доштанд. Қисме аз соҳибназарон иддао доранд, бархе ин ҳизбҳо танҳо манфиати ҳизби ҳокимро ҳимоят мекунанд. Рустам Гулов, блогнавис аз шимоли кишвар ҳам мегӯяд, дар саҳнаи интихоботии имсол низ ҳизбҳое, ки аз мустақилият бархурдор нестанд, мавҷуданд. Ҷаноби Гулов ба суоли чаро ҷавонони берун аз аҳзоби сиёсӣ ба интихобот номзад намешаванд, гуфт, эҳтимоли ғолиб шудан дар интихоботҳои Тоҷикистон хеле кам аст, магар ин ки узви ҳизби ҳоким бошед. Ӯ мегӯяд: “Агар хоҳӣ узви порлумон шавӣ бояд узви ҳизби ҳоким бошӣ. Вале, идеологияи онҳо бо ҷавонони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқат намекунад. Тағйир додани фикру ақидаи худ ба хотири вориди порлумон шудан барои ман душвор аст”.
Бархе ҷавонон бовар надоранд, ки интихоботи имсол сабаби кадом тағйир дар порлумон мешавад. Алишер Иддизода, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд: “Тағйироте, ки шояд дар интихоботи имсол ба миён ояд ин аст, ки ба ҳизбҳои мисли демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар порлумон курсӣ бидиҳанд”. Ин устоди ҷавон низ номзад нашудани ҷавонони берун аз аҳзоби сиёсиро дар интихобот ба набуди шаффофият рабт медиҳад. “Аммо, ҷавонони марбут ба аҳзоб дучори монеаҳои бузургсолҳои ҳизбҳояшон мешаванд”,-таъкид мекунад Иддизода.
Ба ин тартиб Дмитрий Завялов, як ҷавон аз Душанбе мегӯяд, вақте барои ҷавонон ҷиҳати иштироки фаъолашон дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ монеа месозанд, бархе барои ибрози мавқеи сиёии худ аз роҳҳои ғайриқонунӣ кор мегиранд.