Бахшҳо

Рақобати Зарафо Раҳмонӣ ва Маҳмадалӣ Ватанов барои курсӣ дар парлумон

Номзадии Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ин ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод гардид.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номзадии хонум Раҳмонӣ дар конфронси пешазинтихоботии ин ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи рақами 1 пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи оқои Файзраҳмонов, дар ин конфронс, ки субҳи 9 январ дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз 60 вакил 56 нафар бо ҳузури Алиакбар Сафаров - намояндаи Комиссияи ҳавзавии интихобот, Муҳаммадкарими Орзу - муовини раиси ҲНИТ, Муҳаммадҷони Нурӣ - мушовири раиси ҳизб иштирок доштаанд.

Зарафо Раҳмонӣ соли 1972 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1999 Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ ва соли 2008 факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз ноябри соли 2008 то соли 2011 раиси бахши фарҳанг ва иршоди ҲНИТ, аз соли 2011 то 2012 муовини раиси дастгоҳи ҲНИТ ва аз соли 2012 то имрӯз мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТмебошад. Узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ, узви Иттифоқи журналистони ҶТ ва сарвари ташкилоти ҷамъиятии "Нишот" мебошад.
Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд аст.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳокими кишвар аз ҳавзаи рақами ноҳияи Фирдасӣ номзадии Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
Аз чаноби Ватанов хоиш мекунем, ки бас аст дар курсии депутати нишастанат. Хамчун вакил барои мардуми нохияи Фирдавсии пойтахт чи карди? Хеч кор. Аз ин ру мардак воре мон хамин занка шояд ягон кор кунад. Аз хизби нахзат бошад хам.

1
Чандтае ки интихобот гузашта буд хаминхо буданд дигар одам нест магар.Бигзор дигарон бошанд хама инхоро дид ки чи тур кор мекунанд.

МАХМАДАЛЙ ВАТАНОВ АРЗАНДА АСТ. МО БА У ОВОЗ МЕДИХЕМ. МАХМАДАЛЙ ДОНИШИ ВАСЕИ ХУКУКЙ ДОРАД. МАХМАДАЛЙ ДАР СИЁСАТ ПУХТА ГАРДИДААСТ. ВИЧДОНАШ ПОК АСТ.

Ватанатов М яке аз хукукшиносони маъруфи Точикистон мебошад..Дар системаи суди дар вазифахои гуногун то муовини аввали Раиси суди Олии Чумхурии Точикистон кор кардааст.Ин шахсро дар тамоми макомотхо нагз мешиносанд ва эътироф мекунанд.

хущбин
кани бинем чи хукумат ба зан эхтиромашро ё

Максуд
Дар нохияи фирдавси зиндаги мекунаму акнун фахмидам, ки аз нохияи фирдавси ватанов вакил будааст!

Рустам
Ватанов ташаббускор ва тахиякунандаи бехтарини конунхо мебошад. Барои такмили низоми хукукии мамлакат накши босазо дорад. Адолатпеша ва хукукшиноси харфайи мебошад. Парлумон ба чунин мутахассисон ниёзманд аст.

хушбин
[b]Рустам[чон зарафохам кадири бечо нест як маротиба шанс тием мебинедки ки будас

Дехконбача
Не не Зарафо намешава Галатойя номзад кунен

Р.Карим
Хамдиёрони азиз! Пеш аз оне,ки фикру андешаи худро нисбати касе баён карданиед хуб мешуд аввалан каме андеша мекардед ки дар бораи як инсон харф мезанед.Аксарияти шумо дар бораи сиёсат чизеро бо хуби дарк карда наметавонед ба шумо аз кучо маълум шавад ки МАХМАДАЛИ ВАТАНОВ дар мудати ин ду давраи вакилиаш барои эчоди конунхои нав ва мукамалгардонии дигар конуну санадхои меъёриву хукуки чикадар захмат кашидааст......У бехтарин вакили парлумон мебошад...шахсан агар ман чунин имконият медоштам бехтарин чоизаро сазовораш мекардам...пеш аз хама инсони комил аст ва хукукшиноси бадарачаи оли босаводу бофахм аз интихоби МАХМАДАЛИ ВАТАНОН парлумон ва тамоми сокинони кишвар бурд мекунанду халос,кошки акалан нисфи хамин вакилони интихобмешуда ба мисли ВАТАНОВ мебуданд....Ба хохари Зарафо Рахмониам гуфтаниам,ки хохарчон бехуда сеюм маротиба шумо номзадиатонро дар пахлуи ин бародари бакуват дар саводу мафкураи сиёси мемонед....Ман ба он хайронам ки чаро Кабири дар руйхати хизби номи шуморо якум,дуюм ё сеюм намемонад????барои он ки агар мемонд бо чунин тарз шумо мегузаштет.Хизби Шумо хохарам аз ду нафар дигар шанс надорад,аммо ба фикри ман дар ин интихобот умуман дигар шанс надоред чунки муносибату рафтори рохбарияти хизб начандон дар назди оммаи мардуми кишвар чидди наметобад.Нагзаш ягон театр ташкил кунеду бо намоиши ину он спектакл машгул шавед......ВАТАНОВ БА ПЕШ тамоми ин хавза ва агар даркор шавад хамаи шахри Душанбе барои шумо овоз додан тайёр аст!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)