Радди рӯбарӯкунии Зайд Саид бо Убайдуллоеву раисони дигар
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо як ҷумла дархости Зайд Саид, соҳикбори маҳкумшудаи тоҷикро барои рӯбарӯкунӣ бо мансабдорони воломақоми ҳукумат рад кардааст.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, имрӯз, 9-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Оҷонсӣ бе шарҳи далелҳо бо як ҷумла навиштааст, афроде, ки шумо барои шоҳидӣ ва рӯбарӯкунӣ бо онҳо дархост кардаед, ба парвандаҳои иқтисодии Зайд Саид ягон робита надоранд. Вакили дифоъ афзуд, дар пайи посухи радди Оҷонсӣ онҳо бо чунин дархост ба Додситонии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд ва интизори посуханд.
Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик дар доираи парвандаҳои иқтисодияш хостори рӯбарӯкунӣ бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, Матлубхон Давлатов, собиқ раҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва Давлаталӣ Саидов, ноиби нахуствазир шудааст. Исҳоқ Табаров ва зерҳимояаш баробари рӯбарӯкунӣ бо мақомдорони зикршуда, инчунин хостаанд, як қатор кормандони ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” низ даъват карда шаванд.
Исҳоқ Табаров илова намуд, ки феълан тафтишоти парвандаҳои иқтисодии зерҳимояаш комилан ба анҷом расида, эҳтимол аст, ки барои тасдиқ ба Прокуратураи генералӣ ирсол гардида бошанд. Ба гуфтаи ӯ, баъди тасдиқи Додситонии генералӣ парвандаҳо ба Додгоҳи Олӣ ирсол мешаванд.
Ин вакили дифоъ илова намуд, ки то содир шудани ҳукми додгоҳ зерҳимояаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ, ё худ СИЗО нигоҳдорӣ мешавад.
Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд ва ҳоло тафтиши он идома дорад. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.
Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили ягонаи Зайд Саидов мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.
Қаблан Оҷонсии зидди фасод бо нашри як иттилоия аз анҷоми тафтишоти парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов хабар дод. Дар иттилоия аз ҷумла омадааст:
“Аз ҷониби Раёсати тафтишотии Агентӣ тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Саидов Зайд Шерович ва дигарон дар арафаи баитмомрасӣ қарор дорад. Тафтишот собит сохт, ки Саидов З.Ш. дар давоми аз 23 июни соли 1999 то 30 ноябри соли 2006 дар вазифаҳои Раиси Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд то моҳи майи соли 2013 дар вазифаи Раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон кор карда, ҳамчун шахсе, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол менамуд, бо истифода аз ин мансаби давлатӣ чанд иншоотҳои давлатиро, аз ҷумла, ИИ “Тоҷикзаргарсаноат”, “Ошхонаи бинои маъмурӣ”-и собиқ Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КХ “Лаъл”, ҶСШК “Электроника-М”, “Маркази илмӣ”-и назди Вазорати Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳоро ба номи худу наздиконаш ғайриқонунӣ хусусӣ гардонид. Ҳамчунин, дар аснои аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ харидорӣ карда шудани бастаи саҳмияҳои ҶСШК "Азот", ҶСШК «Гулистон» ва ҶС «Абрешим» бо истифодаи ваколати мансабӣ, ғайриқонунӣ мусоидат карда, ба ивази ин 5 фоизӣ саҳмияҳои ҷамъиятҳои номбурдаро мувофиқан бо арзишҳои номиналии 1 547 000 сомонӣ, 135000 сомонӣ ва 124200 сомонӣ ройгон гирифта, онҳоро барои ниҳон доштани манфиатдории шахсӣ, дар асоси ҳуҷҷатҳои сохтакорона омодакардашуда, ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ки дар шиносномаи охирин санаи таваллудаш «25 апрели соли 1978», яъне 4 сол калон қайд карда шуда буд, ғайриқонунӣ расмӣ гардонид. Инчунин, Саидов З.Ш. дар аснои аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, ки худ дар асл соҳибмулки воқеии ҷамъият буд, бурдани сохтмони иншоотҳои “Душанбе-Плаза” ва «Мактаб барои 1354 ҷойи нишаст, дар заминаи мактаби №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ба миқдори умумии 34.037.684,25 сомониро бо роҳҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф кард ва бар замми ин, аз супоридани андозҳо ба буҷаи давлат ба миқдори махсусан калон, ба маблағи умумии 11.479.053 сомонӣ, ки бо ҷарима ва фоизҳояш 15.954.276 сомониро ташкил медиҳанд, саркашӣ намуд. Баъдан бо мақсади рӯйпӯш кардани маблағҳои тасарруфкардааш дар санадҳои ҳаҷми кор ва арзиши корҳои иҷрошудаи иншоотҳои давлатӣ изофанависӣ карда, маблағи зиёда аз 24.000.000 сомониро, ки тасарруф карда буд, пинҳон кард. Нисбати Саидов З.Ш. барои ин ҷиноятҳои содиркардааш бо моддаи 314 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷониби шахсе, ки мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ишғол мекунад, бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ ҶТ, яъне сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст, бо моддаи 245 қисми 4, банди “б” КҶ ҶТ, яъне ба миқдори махсусан калон бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ, бо моддаи 262 қисми 3 банди “б” КҶ ҶТ, яъне ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда ва бо моддаи 292 қисми 2, банди “б” КҶ ҶТ, яъне ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, айб эълон карда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба лаҳзаҳои мазкур 14 нафар, аз ҷумла, 4 нафар масъулини ҶДММ “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”, 6 нафар мутасаддиёни Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва 4 нафар масъулини ширкатҳои тиҷоратӣ, бо моддаҳои 292 қисми 1 КҶ ҶТ, яъне ба миқдори калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудааст, 295 қисми 2 КҶ ҶТ, яъне суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидааст, 340 қисми 2, бандҳои “а,б” КҶ ҶТ, яъне сохтакории шиноснома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, ки такроран бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон содир карда шудааст ва 322 қисми 1 КҶ ҶТ, яъне хунукназарӣ айбдор дониста шудаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |