Бахшҳо

Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташкили ҷоизаи Президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳавасманд кардани варзишгарони тоҷик фармон додааст, ки аз ҳисоби фондаш барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи махсус ташкил карда шавад.

Тибқи иттилои дафтари дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҷоизаи Президент барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президент таъсис дода мешавад.

Раисиҷумҳур ба ҳукумати кишвар ду моҳ муҳлат додааст, то Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президентро таҳия ва тасдиқ намояду масоили ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро ҳал кунад.

Ташкили ҷоизаи махсуси Президент дар ҳолест, ки сол ба сол теъдоди ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. То ҳол танҳо Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик барои ҷои сеюмаш дар олимпиада бо ҷоизаю мукофотпулиҳои назаррас, аз ҷумла хона дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб қадрдонӣ шудааст.
Мӯҳр
Фирдавс
"Aз ҳисоби фондаш барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи махсус ташкил карда шавад". Аз кай боз киссаи мардум ин ҳисоби фондаш мебошад?

.
Фирдавс,

Мувофики конун, 2% бюджети Точикистон ин Фонди Президент мебошад.

Икбол
Икдоми беназир. Варзишгаронро хавасманд бояд намуд. Онхо парчамбардои миллат ва ифтихори Точикон хастанд.

мухочир
.,
Фирдавс Бародар. Мо ба 2%фоиз не балки ба 50% рози хастем аз президент бошед, аммо 85% аз хешу табораш асту 15% аз мардум...

Огох
Дар Мулокоти Президент бо варзишарон мохи декабри соли 2010 ин масала бардошта шуда буд ва хушбахтона ин кор анчом дода шуд. Кумаки хубе мешавад ба парчамбардорон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)