Бахшҳо
08 янв 2015 22:21Ҳуқуқи инсон

Кори савоб: "Хоначаи сайёр" - барои як зани бехона дар Кӯлоб

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Дар Кӯлоб ду марди савобҷӯ барои як пиразани бехона “хоначаи сайёр”-е сохтаанд, ки рӯи аробаи чорчархааш ҷо шудааст. Ин пиразан мегӯяд, ки ин мардони савобҷӯро ҳатто намешиносад.


Пиразане, ки дар Кӯлоб кунҷи биноҳои истиқоматӣ ва посбонхонаҳо макони зисташ буд, соҳиби хоначаи сайёр шуд ва аз сармову боду борон ҷон ба саломат бурд. Ин пиразани 60-сола 14 соли ахир ҳамроҳ бо ягона писараш дар хиёбонҳои Кӯлоб зиндагӣ мекунад ва тамоми талошҳояш барои гирифтани замин ва сохтани манзили зист бенатиҷа анҷом ёфтаанд. Ҷойи буду боши ӯ асосан атрофи бозори шаҳр аст ва рисқу рӯзии ӯ ба раҳгузарони саховатманд бастагӣ дорад. Аммо “хонаи сайёр”-ро барои кампир ду марди барояш ношинос сохтаву тӯҳфааш карданд. Ин асосан аробаи нисбатан бузурги чаҳорчарха аст. Онҳое, ки “хонаи сайёр”-ро аз рӯи шафқат барои кампир сохтанд, ба истилоҳ “каҷкӯли гадоӣ”-и ӯро низ замонавӣ кардаанд. Қуттии хайрияи пластикӣ ба ароба васл шудааст ва ду тангае, ки мардум ба ин кампир медиҳад, аз боду борон эмин мемонад.

Ин ду мард бо анҷом ин кори савоб ҳатто номи худро ошкор накардаанд ва худи пиразан мегӯяд, ки онҳоро ҳатто намешиносад. Танҳо як чиз маълум аст, ки он ду нафар тоза аз сафари Ҳаҷ баргаштаву ҳоҷӣ будаанд. Кори хайри ду марди ношинос тоҷирони бозорро низ ба кори хайр таҳрик дод ва яке аз онҳо ба хонаи кампир нерӯи барқ гузаронд. Пиразан Сарварбӣ Шарипова ном дорад ва мегӯяд, ки то соли 1994, то замони кушта шудани ҳамсараш, ки ходими пулис буд, дар Қурғонтеппа зиндагӣ мекард, вале баъдан ба Кӯлоб ба хонаи хешовандонаш омад. Наздиконаш, ки низ чандон зиндагии серу пур надоранд, ба пиразан гуфтаанд, ки ба онҳо сарборӣ нашавад ва роҳи зиндагиашро худаш ёбад. Сарварбӣ Шарипова мегӯяд, он қадар барои дарёфти як порча замин даводав кард, ки билохира аз пой афтод. Ӯ мегӯяд: «8 марти соли 2000 Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб омад, вақте дар як раста, металбидам, як зан гуфт, рав ба президент мушкилотатро гӯй кумакат мекунад, ту соҳиби хона мешавӣ. Вақте хостам арзамро ба президент гӯям, кормандони милиса маро дастгир карда, бо дубинка заданд ва ҳамон шаб танҳо мондам, тарсидам, дигар аз ҳамон рӯз роҳ гашта натавонистам.»

Бахтиёр Шарипов, писари ин зан, ки ягона муттакояш дар зиндагӣ ҳаст, ҳоло 23 сол дорад. Кӯдакиву наврасии ӯ ҳам ҳамроҳ бо модар дар хиёбонҳо гузаштааст. Ҳоло Бахтиёр дар бозор ҳаммолӣ мекунад ва гоҳ гоҳ аробаи модарашро аз ҷойе ба ҷойе мебарад. Пуле, ки ӯ аз ҳаммолӣ дар Кӯлоб ба даст меорад, танҳо барои харидории як миқдор ғизо кифоят мекунад. Ӯ мегӯяд, ки шабҳои худро болои танӯрҳои самбусапазӣ саҳар мекунад ва рӯзҳо боз аз пайи кор мешавад. Ӯ аз вазъияте, ки ҳарду дар он ба сар мебаранд ва аз нотавонии худ бисёр афсӯрда аст ва мегӯяд, «ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки барои модарам як сарпаноҳ ёбам, аммо дастам намерасад. Дилам ба модарам месӯзад.”

Хонаи сайёри пиразан ҳеҷ санаде надорад ва мақомот ҳам намедонанд, онро чӣ гуна сабт кунанд. Нигаронии Сарварбӣ Шарипова ҳам ин аст, ки рӯзе ӯро аз ин ароба ҳам маҳрум кунанд. Аммо намояндагони раиси шаҳри Кӯлоб мегӯянд, онҳо ба ин хонача ҳеҷ мушкил надоранд. Рустам Неъматов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, хоначаи сайёри ин занро то кунун надидааст, вале аз рӯи маълумоти ӯ, пиразан хоначаашро дар маконе мегузорад, ки ба сокинони дигар тааллуқ дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар сокинон барои истифодаи заминашон бо ӯ мушкил надошта бошанд, ҳукумати шаҳр ҳеҷ мушкиле бо хоначаи сайёри ин зан надорад. Аммо Неъматов мегӯяд, ба монанди ин зан ҳоло 13 ҳазор нафар сокини Кӯлоб барои гирифтани замин ариза додаанд, ки бо даст додани имкнот барояшон қитъаи замин дода хоҳад шуд: «Мо аз ин ҳолат огаҳӣ надорем, аммо рафта онро мебинем шояд бишносам, агар дар воқеъ ин зан роҳгашта натавонад, ҳеҷ кас ба ӯ кордор намешавад”- гуфт оғои Неъматов. Вале дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Кӯлоб барои гирифтани замин аз сӯи сокинон 13 ҳазор ариза пешниҳод шудааст, ки якбора ҳамаи онҳоро бо хона таъмин кардан мушкил аст.»

Мустафо, як тоҷири бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки иҷоза додааст, хонаи сайёри ин зан мувақаттан назди дӯконаш бимонад, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ман ин занро чанд сол боз инҷониб мешиносам, ки дар кӯчаҳо зиндагӣ мекард ва бо хайри мардум рӯзгорашро пеш мебурд. Баъдан шунидам, ки ду ҳоҷӣ омада, як хоначаи худсохтро ба ӯ тӯҳфа карданд, бисёр хурсанд шудам, ки чунин омамони саховадманд кӯмаки худро ба беҷомондагон дареғ намедоранд.”

Ҳоло Сарварбӣ Шарипова пулҳои хайриявиеро, ки бозоракиҳо ба ӯ хайр мекунад, ҷамъ мекунад ва ҳар рӯз ҳисоб мекунад. Ягон орзӯяш ин аст, ки рӯзе битавонад бо ин пулҳо порчае зиминеро харидорӣ кунад ва дар он хона бисозад.


Кори савоб: "Хоначаи сайёр" - барои як зани бехона дар Кӯлоб

Кори савоб: "Хоначаи сайёр" - барои як зани бехона дар Кӯлоб

Кори савоб: "Хоначаи сайёр" - барои як зани бехона дар Кӯлоб

Мӯҳр
Ин чи шурест ки дар ин даври камар мебинам, ...
Шоири бузург бехуда нагуфтааст.
Руз то руз дар Точикистон зиндаги кардан мушкил шуда истодааст. Имруз дар чомеаи мо шахсони бехона, ятим, нодор зиёданд аммо мисли ин занро якуминбор мебинам. Агар ду соли дигар хаминхел идома ёбад мардум дар куча пояндоз мешаванд. Эй доду бедод бесару сомони замоне шудааст, ки " пул дори кадр дори" ин матал ба хамагон фахмо аст. Мо хазорон ташаккур мегуем ба "Озодагон", ки аз хаёти пиразани точик ба мо иттилоъ доданд. Хазорсолахо гузарад хаёти талхи ин зани точик дар таърихи Точикистон мемонад ва вирди забони мардум тоб мехурад ки дар солхои 2014-2015 халки точик чунин зиндагии паст доштанд.
Бо эхтиром:Хакикатпараст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)