Ифшои таҳиягарони наворҳои фаҳш ва ҳалокати ҷангҷӯи тоҷик дар Украина

Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, таҳия ва нашри наворҳои фаҳш бо иштироки афроди ба ном “мулло” кори дасти худи масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст.
Сомонаи рӯзномаи “Хатлон” аз қавли масъули додситонии вилоят навиштааст, “он наворҳои фаҳшое, ки дар интернет бо иштироки чунин "мулло-табибон" нашр шудаанд, кори дасти худи кормандони Ҳизби наҳзати исломӣ аст.” Ин нукта дар нишасти хабарии додситонии Хатлон баён шудааст, ки имрӯз, 8 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа сурат пазируфт.
Ин таъкид дар ҳолест, ки Сироҷиддин Нурзода, додситонии вилояти Хатлон дар ин нишаст аз таҳия ва нашри чунин наворҳо ҳимоят карда, афзудааст, “гузоришҳои телевизионӣ оид ба ҳаракатҳои бадахлоқонаи чунин "муллоҳо" аз доираи қонун ва одоб берун набуда, ба хотири адаб додани муллоҳои дигар, мардум ва огоҳ кардани онҳо аз чунин фиребу найрангҳо пахш шудаанд.”
Ба гуфтаи масъулини додситонии Хатлон, дар давоми соли гузашта дар вилоят алайҳи ҳафт нафар аз "домулло-табибон" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, нисбат ба 6 сокини дигар, ки худро "мулло" муаррифӣ карда, ба табобати шаҳрвандон машғул будаанд, парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Инчунин зимни нишасти додситонии Хатлон аз кушта шудани як ҷангҷӯи тоҷик дар нооромиҳои Украина хабар додаанд. Анвар Назаров, ёвари додситони вилояти Хатлон аз ин шаҳварнди Тоҷикистон Муродалӣ Барфиев ном бурда, ӯро сокини шаҳри Қӯрғонтеппа номидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ин ҷангҷӯи тоҷик, ки дар саффи ҷудоихоҳони Русия дар Укроина меҷангид, моҳи октябри соли гузашта ба ватан интиқол ёфта, ба хок супорида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран ба интернет наворе роҳ ёфт, ки аз иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Украина қисса мекард, аммо сафорати Тоҷикистон дар Украина бо нашри изҳороте ин иддаоро рад карда, гуфт, дар нооромиҳои Украина ягон тоҷик ширкат надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |