Бахшҳо

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаи амири Ҳаракати исломии Узбакистон ба ШКД-и Шаҳринав

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Икром Халилов, амири Ҳаракати исломии Узбакистон ва собиқ имом-хатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Ин ниҳод бо пахши як гузориши телевизионӣ гуфт, Икром Халилов, ки амири ҲИУ дар Шаҳринав интихоб шуда буд, азм доштааст, бо 10 нафари тобеаш ба шӯъбаи корҳои дохилии Шаҳринав ҳамла карда, бо дарёфти силоҳ ба бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон оғоз кунад.

Манбаъ мегӯяд, дар пай як амалиёт муайян намудаанд, Раҳим Бобоёров, сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови Шаҳринав дар муҳоҷирати меҳнатӣ бо даъвати Умар, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, ба Ҳаракати исломии Узбакистон гаравида, 4 муҳоҷири дигари ҳамдеҳааш- Туймурод Эшболтаев, (соли таваллудаш 1969), Шукрулло Тошев, (соли таваллудаш 1982), Шокир Тошев, (соли таваллудаш 1985) ва Шариф Бобоёров (соли таваллудаш 1971)-ро ба ҲИУ ҷалб намудааст: “Баъд аз бозгашт ба Ватан давоми соли 2012 Раҳим Бобоёров боз 5 сокини дигари Шаҳринав, аз ҷумла Икром Халилови 41-сола, собиқ имом-хатиби масҷиди ҷомеи Худоёрхони ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияро ба узвият даровардааст.”

Тибқи иттилои мақомот, баъди омодагиҳо ва пайдо кардани тарафдорон Раҳим Бобоёров соли 2013 хоҷаи хориҷии худ - Умарро ба Тоҷикистон даъват карда, дар ҳузури ӯ барои узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон қасам ёд мекунанд: “Икром Халилов, ки донишҷӯи соли 4-ум дар шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон будааст, амири ҷамоати мазкур дар ноҳияи Шаҳринав таъин гардид. Ӯ уҳдадор шудааст, дар баробари тарғиби ҲИУ барои дастгирии молии иштирокчиёни ҷанги давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон маблағҳои пулӣ ҷамъ кунад.”

Икром Халилов дар пайи боздошт эътироф кардааст, ки онҳор барои ташкили давлати исломӣ тайёрӣ медиданд: “Умар даъват кард, ки бояд мусулмонҳо якдил шуда ба як кас итоат кунанду аз як гиребон сар бароранд. Гуфт шумо дар танҳоӣ кор карда наметавонед. Маро амир таъин карду гуфт, ба Сурия, Покистон, Афғонистон рафта ҷанг кардан даркор. Он ҷо ҷанг мекардагиҳо ҳам бародарони моянд, ёрдам кардан даркор, касе метавонад пулӣ ёрдам кунад, касе метавонад худаш равад”.

Ин гуруҳ дар ҳоле боздошт шудааст, ки таҷҳизоти варзишӣ харида, барои ҳамла ба шӯъбаи корҳои дохилии Шаҳринав омодагӣ медидаанд. Онҳо дар ҳоле боздошт шудаанд, ки интизори амр аз хориҷ барои ҳуҷум ба шӯъбаи корҳои дохилӣ будаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан алайҳи боздоштшудаҳо аз рӯи моддаи 187-и Кодексӣ ҷиноии Тоҷикистон - ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, парвандаи боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
в
Ки ба хамин бовар мекунад? Бечорахоро тухмат кардаанд.

Мухаммад
Чунин амиронро дар пеши чашми мардум ба дор овехтан лозим аст, ки барои дигар гумрохон сабак шавад. Хамагй алхамдулилох мусулмонем, боз чй хел давлати мусулмонй месохта бошанд. Максад хамон мансабу чоху чалол аст...

ин хел агентхи Узбекистон бо номи ИДУ дар Чумхуриямон бисиёран

Salom
Хамин ИДУ худи СБ Узбакистонай хичора кофтан даркор нест.Нагон бор надиlем ки Узбакистонда хамин гуруха ягон таша капида бошан.

озодагон кадомет узбакен чи чопкунен чизе равон кадемтон!!

Мухаммад,
бародар мусулмон ки боши дар кадом китоби исломи навишта шудааст ки то сини 18-сола ба масчид рох дода нашавад бояд мардхо то сини 45-сола риш намонад дар кадом китоб навишта шудааст?

Али
Абдулло, ала мегум ин кадар ришпарасти. Наход, ки фазилати мусулмонии мо дар риш бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)