Президент: Хостем, Кабириро ба суд диҳем, аммо худаш омад...
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ният дошт Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони кишварро барои суханонаш дар ҳаққи кормандони Академия ба суд кашад.
Раҳимӣ имрӯз, 9 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аммо аз ин нияташ баргашт, зеро Муҳиддин Кабирӣ худаш ба Академияи улум омада, изҳор доштааст, суханҳо дар ҳаққи кормандони Академияи улум ба ӯ тааллуқ надоранд. Кабирӣ гуфтааст, масъулони сомони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз қавли ӯ носанҷида дар ҳаққи кормандони Академия изҳорот пахш кардаанд, вале дар асл ин суханон ба ӯ тааллуқ надоранд. Ӯ гуфтааст, "масъулони сомона ба хатоӣ роҳ дода ва аллакай муҷозот шудаанд."
Ин дар ҳолест, ки раиси ҲНИТ рӯзи 30 ноябр дар вохӯрияш бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтааст, бархе аз кормандони академия ва дигар ниҳодҳо, ки аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд, танҳо корашон навиштани мақолаҳои зидди ҳизби ӯ ва руҳониён мебошад: “Ба ҷои он, ки корманди академия андешаи нав тавлид кунад як ихтирои ҷадид намояд, мунтазир менишинад, ки як нафар раҳабари ҳизб ё аъзои раёсати наҳзат як мусоҳиба диҳад ва ё мақолае нависад онгоҳ бармехезанду қалам ба даст мегиранд ва навиштанро шурӯъ мекунанд. Магар чунин афродро мешавад корманди соҳаи илм ё академик номид? Магар рисолати академик ё корманди соҳаи илм ҳамин аст? Чунин афрод ҳеҷ рабте ба тоҷику Тоҷикистон надоранд, ҳатто агар дар сатҳи баланди давлат ҳам кор кунанд. Кормандани соҳаи илм бояд ба фикри ихтироъкорӣ бошад, ба фикри тавлиди андешаи нав бошад.”
Дар пайи ин суханон як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтанд, “мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”
Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломӣ дошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хидмати хирсонаи ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест.
Фарҳод Раҳимӣ дар посух ба суоли “Озодагон”, ки оё воқеан хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест, афзуд, ки ин назари кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академия аст ва ҳар касе мухолифи ин назар аст, метавонад бо мақолаҳои илмӣ посух диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |