Бахшҳо

Кадоме дуруст: ҳамоса, ҳаммоса ё хамоса?

Шарҳи нисбатан муфассали ин калима (ба сурати “ҳамоса”) дар “Фарҳанги Муъин” чунин дода шудааст: 1 (масдар) далерӣ кардан, шуҷоат намудан. 2 (исм) далерӣ, диловарӣ, шуҷоат. 3(исм) раҷаз, урҷуза. 4(адаб.) навъе аз шеър, ки дар он аз ҷангҳо ва диловариҳо сухан раввад, шеъри размӣ, шеъри ҳамосӣ.

Дар адабиётшиносии тоҷик аз даҳаи 80 ба баъд ин калима ҷойгузини истилоҳи адабиётшиносии “эпос” ва калимаи “ҳамосӣ” ҷойгузини “эпикӣ” шуд, ки ифодакунандаи яке аз се ҷинси адабӣ (дар баробари ғиноӣ (лирика) ва драма) мебошад. Яъне махсуси осорест, ки дар он бидуни моҳияти мавзӯъ ва мазмун нақлу ривояти батафсили воқеаҳо ва рухдодҳо ҷой дорад ва чунин осор дорои сужаи нисбатан муфассал ҳастанд. Аммо ба маънои қаҳрамонӣ ва асари ситояндаи рӯҳиёти диловарӣ ва қаҳрамонӣ низ ба кор бурда мешавад.

Масъала ин аст, ки дар навишти ин калима аксаран ба иштибоҳ роҳ дода мешавад ва ба сурати ғалати “хамоса” ё “ҳаммоса” навишта мешавад. Зоҳиран “хамоса” зодаи пиндори иштибоҳии марбут донистани ин калима ба “хамса” аст, ки аслан бо он ҳеч муносибате надорад. Ҳамчунин “ҳаммоса” шояд аз тасаввури иштибоҳии пайванди ин калима бо қолаби муаннаси феъли арабии “фаъъола” бошад, ки низ бо он рабте надорад.

Хулоса, шакли ягонаи саҳеҳи ин калима дар ҳама маъноҳояш “ҳамоса” мебошаду бас. Чанд шоҳиди шеърӣ:

На ҳар ҷо ки бошад сухан, зар набошад,
Ки побанди зар дидаам сад ҳамоса.
(Анварӣ)

Ман аз саёҳат дар як ҳамоса меоям
Ва мисли об
Тамоми қиссаи Суҳробу нӯшдоруро
Равонам.
(Сӯҳроби Сипеҳрӣ)

Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”)
Мӯҳр
амина
Бисёр хуб мешуд агар чунин шархнависихо доими мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)