Муроҷиати Муқимов барои кор ва шарти раиси “Сафина”

Лутфулло Давлат, раиси муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина”, имрӯз, 7 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе эълон кард, расман Талабшоҳ Муқимов, яке аз барандаҳои ин шабакаро аз кор озод кардааст.
Лутфулло Давлат дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ба далели ҳозир нашудани Талабшоҳ Муқимов ба кор ӯро аз кор озод намудааст: “Машғули наворбардориҳои филмаш будааст ва натавонист тайи се моҳ ба кор биёяд. Дар ҳоле, ки як вақтҳо танҳо барои се соат ҳозир нашудан одамонро аз кор озод мекарданд. Ахиран мо ҳам расман озодаш кардем.”
Раиси телевизиони “Сафина” илова намуд, Муқимов ахиран боз ба ин шабака муроҷиат карда, хоҳиши кор намудааст. Раҳбарияти “Сафина” гуфт, ба ӯ шарт гузоштаанд, ки агар лоиҳаи наверо пешниҳод кунад, метавонад дубора дар “Сафина” фаъолият кунад: “Як лоиҳаро пешниҳод кард, ки бо ҷалби донишҷӯёни донишгоҳҳо бояд роҳандозӣ мешуд. Ба барномаи “Бустон” монанд буд, аммо он қабул нагардид. Агар ягон лоиҳаи дигаре пешниҳод созад, метавонад кор кунад.”
Талабшоҳ Муқимов аз барандаҳои маъруфи “Сафина” буда, барномаҳои “Мумтоз”, “Паймон” ва чанди дигарро таҳия кардааст. Ӯ ҳамчунин дар соҳаи истеҳсоли филм низ фаъолият кардааст. “Беҳуда хорам мекунӣ” яке аз онҳост, ки ба интиқоди зиёди мунақидони синамо рӯбарӯ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |