(ВИДЕО) Раиси ТВС: Шабнаму Фарзона дар “рӯйхати сиёҳ” нестанд
Лутфулло Давлат, раиси муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина” имрӯз, 7 январ зимни нишасти матбуотӣ сабаби пахш нашудани сурудҳои Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршедро тариқи телевизиони зертобеаш шарҳ дод.
Лутфулло Давлат дар посух ба суоли “Озодагон” дар ин робита изҳор дошт, дар телевизионашон ҳеч “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад. Ӯ далели пахш нашудани сурудҳои Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршедро дар он гуфт, ки ин овозхонҳо боре ҳам сурудҳои худро барои пахш ба ТВС пешниҳод накардаанд: “Ин ду нафар боре муроҷиат накардаанд ва мо низ низомномаву ойномаи худро дорем. Бояд ба талаботи телевизиони имрӯз аз нуқтаи назаре, ки як телевизиони фарҳангӣ аст, ҷавобгӯ бошанд. Худатон медонед, телевизион ҷое ҳаст, ки бояд сару либоси дурусту қабулшударо пешниҳод кунем, шояд ҳамин чизҳо бошанд. Шахсан ман ягон бор надидам, ки ҳамин ду нафар муроҷиат карда бошанд, модарашон -- Сурайё Қосимова муроҷиат мекунанд. Ҳамин ҳафта сурудҳояш пахш мешавад”. ”
Лутфулло Давлат афзуд, дар вақти пахши суруд ба тарзи либоспӯшии сарояндаҳо низ диққат дода мешавад: “Ҳар ҳунарманд ё овозхоне, ки сурудашро пешниҳод мекунад, онро Шӯрои бадеии “Телевизиони Сафина” аз назар мегузаронад. Агар матни хароб бошад, ё оҳангро худашон эҷод карда бошанд, қабул намешавад. Мисоли одӣ, дар ҳамин Соли нави мелодӣ қариб се соат барнома ба эфир нарафт. Сарояндаҳои ҷавон омаданду сабт карданд, аммо дидем намешаванд. Масалан суруд, матн, оҳанг, сарулибос ҳама ин чизҳо ба назар гирифта мешавад”.
Иддаои Лутфулло Давлат дар бораи набудани монеа барои пахши сурудҳои Шабнаму Фарзона дар ҳолест, ки яке аз ҳозирини нишасти матбуотии телевизиони “Сафина” гуфт, дар барномаи “Хостаҳо”-и ин телевизион пахши суруди Шабнамро дархост кард, аммо масъули ин барнома гуфтааст, ӯ дар "рӯйхати сиёҳ" аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |