Президенти Покистон сафираш дар Душанберо иваз кард
Мамнун Ҳусейн, раисиҷумҳури Покистон сафири ин кишварро дар Тоҷикистон иваз кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ сафири нави Покистон дар Душанбе Тариқ Иқбол Сумро мешавад. Ба иттилои манбаъ раисиҷумҳури Покистон сафири навтаъинро ба ҳузур пазируфта таъкид намудааст, ки зимни фаъолияташ дар Душанбе асосан ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунад.
Ин дар ҳолест, ки Исломободу Душанбе лоиҳаҳои муштарак дар умури интиқоли барқ, нақлиёт, коркарди нафт ва амнияти ғизоиро рӯи даст гирифтаанд.
Сафири навтаъин дар Душанбе Амҷад Ҳусейнро иваз хоҳад кард, ки аз тобистони соли 2012 то ҳол сафири Покистон дар Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |