Таассуфи раис аз бозгашти 10%-и афвшудаҳо ба зиндон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мегӯяд, аз миёни 40 маҳбуси афвшудаи шаҳр 10 дарсадашон дубора ба зиндон баргаштаанд.
Ӯ ин нуктаро зимни нишасти хабарие рӯзи 5 январ дар шаҳри Хуҷанд баён дошт.
Аҳмадзода гуфт, дар пайи имзои қонуни нави афв аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 40 нафар сокини Хуҷанд аз маҳбас озод гардида буданд. Ба гуфтаи ӯ, аз миёни ин 40 нафар 4 нафарашон даст ба ҷиноят зада, дубора зиндонӣ шуданд ва танҳо се нафари онҳо баъд аз муроҷиаташон ба шаҳрдории Хуҷанд бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд: “Танҳо 3 нафар барои таъмини кор ба мақомоти иҷроия муроҷиат намуд. Онҳоро аз рӯи ихтисосашон ба кори сохтмон ҷалб кардем. Афсӯс, 4 нафар аллакай такроран даст ба ҷиноят зад.”
Шаҳрдории Хуҷанд дар идома таъкид кард, барои такроран ба маҳбас нарафтани афвшудагон бояд раисони маҳаллаҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои профилактикӣ бурда, онҳоро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |